ҲНИТ ҳарчанд ба шаффофияти баргузории маъракаи интихоботӣ бо шубҳа нигарад ҳам, ният дорад, дар интихоботи маҷлиси шаҳри Кӯлоб иштирок кун

Турко Дикаев



           

Кӯлоб. 2-юми октябр. ОИ «Азия-Плюс» – Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон (ҲНИТ) қарор кардааст, ки дар интихоботи маҷлиси вакилони халқи шаҳри Кӯлоб як номзад гузорад.





           

Роҳбари созмони ҲНИТ дар шаҳри Кӯлоб Маҳмадшариф Набиев дар сӯҳбат бо хабарнигори ОИ «Азия-Плюс» изҳор дошт, ки миёни интихобкунадагон намояндаи мо дар ҳавзаи интихоботии рақами 1

           

аз обрӯву нуфузи зиёд ва эҳтироми сокинон бархӯрдор аст ва аз ин рӯ, ба хулосае расидем, ки номзадии ӯро пешниҳод созем. «Аз рӯи натиҷаҳои маъракаҳои интихоботи пешин мо огаҳем, ки онҳо на ҳамеша адолатнок сурат мегирифтанду аз чӣ бошад, ки нисбат ба ҲНИТ муносибати ғаразҷӯёна зоҳир мегардид ва ҳарчанд дар ҳавзаҳои интихоботие, ки номзадҳои ҳизби мо аз номзадҳои Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон як сару гардан боло бошанд ҳам, дар натиҷа ба мағлубият дучор мегаштем», – гуфт ӯ ва афзуд, ки ҳизб умедвор аст, ин дафъа кор ранги дигар хоҳад гирифту дар маҷлиси вакилони халқи шаҳри Кӯлоб ҳизб намояндаи худро хоҳад дошт.





 


Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...