Дар Душанбе комиссияҳои назорати истифодаи оқилонаи барқ дар мавсими тирамоҳу зимистон ташкил карда шуданд

Аваз Юлдошев


Душанбе. 6-уми октябр. ОИ «Азия-Плюс» – Бо қарори раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев дар пойтахт комиссияҳои назорати истифодаи оқилонаи барқ дар мавсими тирамоҳу зимистон ташкил карда шуданд, ки ба ҳайати он муовинони раиси шаҳр,


намояндагони вакилони халқи шаҳр, ш


ӯ


рои маҳаллаҳо, мақомоти дахлдори шаҳр


ӣ


ва намояндагони р


ӯ


ҳониён шомил гаштанд.





           

Сухангӯи раиси пойтахт Шавкат Саидов дар сӯҳбат бо хабарнигори ОИ «Азия-Плюс» изҳор дошт, ки мувофиқи ин қарор ҳамаи субъектҳои хоҷагидории шаҳри Душанбе вазифадор карда шудаанд, ки чунин комиссияҳо ташкил дода, фаъолияти самараноки онро таъмин намоянд.




           

Бино ба иттилои манбаъ, дар байни ноҳияҳои пойтахт барои дар сатҳи беҳтарин ба роҳ мондани истифодаи оқилонаи барқу газ, оби нӯшокӣ ва пардохти саривақтии маблағи он дар соли 2009 озмун эълон карда шуд ва ғолиб соҳиби 15 ҳазор сомонӣ хоҳад гашт.



Чанде қабл

 

дар ҷаласаи назоратии шаҳрдорӣ мири пойтахт Маҳмадсаид Убайдуллоев изҳор дошт, ки дар мавсими тирамоҳу зимистони дар пешистода дар шаҳри Душанбе реҷабандии истифодаи нерӯи барқ ҷорӣ нахоҳад гашт. «Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон маҳз дар ин хусус ба мақомоти дахлдор супориш дод», – гуфт ӯ.



Дар ҷаласа оид ба сарфакорона истифода бурдани нерӯи барқ, газ ва об дар мавсими тирамоҳу зимистон ва сари вақт пардохтани музди истифодаи он ба аҳолии пойтахт муроҷиатнома қабул карда шуд.



М.Убайдуллоев таъкид сохт, ки бояд дар байни сокинони шаҳр ва хадамоти шаҳрӣ оид ба таъмини мардум бо нерӯи барқ, газ ва об созишнома ба имзо расад, ки дар он масъулияти ҷонибҳо мушаххас бошад ва дар сурати вайрон кардани шартнома, ҷониби ҷабрдида метавонад ба додгоҳ муроҷиат намояд.



Дар ҷаласа дар бораи то ҳадди ниҳоӣ коҳиш додани истифодаи нерӯи барқ дар фаввораҳои шаҳр, таҷҳизоти равшанидиҳии боғҳои фароғату истироҳат, хиёбонҳо ва лавҳаҳои рекломи берунӣ пешниҳодот карда шуданд.




 

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст

Додгоҳи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров роҳбари ҶДММ “Сихкабоби Амирӣ”-ро барои...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад

Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико дар суҳбат бо рӯзномаи бритониёии...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Сафари Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури кишвар ба шаҳру...

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.