Мақомоти додгоҳии кишварҳои узви ИДМ Маркази ҳамкории муштараки иттилоотиву ҳуқуқӣ созмон медиҳанд

Аваз Юлдошев


Душанбе. 6-уми октябр. ОИ «Азия-Плюс» – Рӯзи шанбеи ҳафтаи гузашта дар шаҳри Душанбе ҷаласаи сайёри Пленуми Додгоҳи иқтисодии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (ИДМ), ки мақомоти олии ҳайати мушовараи он маҳсуб мегардад, баргузор шуд. Пленум таҳти раёсати роҳбари Додгоҳи иқтисодии ИДМ, раиси Додгоҳи иқтисодии Тоҷикистон Файзулло Абдуллоев доир гашт.




Аз Додгоҳи иқтисодии ҷумҳурӣ ба мухбири ОИ «Азия-Плюс» хабар доданд, ки дар пленум масоили ҷараёни ислоҳоти фаъолияти Додгоҳи иқтисодии ИДМ, татбиқи амалии Консепсияи минбаъдаи рушди ИДМ ва Нақшаи чорабиниҳои асосии он, ки бо қарори сарони кишварҳои узви иттиҳод аз 5-уми октябри соли 2007 қабул шудааст, мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.



Иштирокдорони пленум пешниҳоди Додгоҳи иқтисодии ИДМ дар бораи созмон додани Маркази ҳамкории муштараки иттилоотиву ҳуқуқии мақомоти додгоҳии ИДМ-ро маъқул шумориданд.


Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст

Додгоҳи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров роҳбари ҶДММ “Сихкабоби Амирӣ”-ро барои...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад

Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико дар суҳбат бо рӯзномаи бритониёии...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Сафари Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури кишвар ба шаҳру...

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.