Бонки ҷаҳонӣ назари Ӯзбекистонро перомуни идомаи сохтмони нерӯгоҳи «Роғун» ахири октябр ҷӯё хоҳад шуд

Душанбе. 8-уми октябр. ОИ «Азия-Плюс» – Имрӯз дар Вазорати рушди иқтисод ва савдои ҷумҳурӣ оид ба масоили идомаи сохтмони нерӯгоҳи «Роғун» мулоқоти коршиносони Бонки ҷаҳонӣ бо намояндагони ҳукумати Тоҷикистон доир гардид. Чӣ тавре ки ба ОИ «Азия-Плюс» аз вазорати номбурда хабар доданд, мутахассиси бахши энергетикаи Аврупо ва Осиёи Марказии Бонки ҷаҳонӣ Рагувир Шарма ба ҳозирин […]

Аваз Юлдошев


Душанбе. 8-уми октябр. ОИ «Азия-Плюс» – Имрӯз дар Вазорати рушди иқтисод ва савдои ҷумҳурӣ оид ба масоили идомаи сохтмони нерӯгоҳи «Роғун» мулоқоти коршиносони Бонки ҷаҳонӣ бо намояндагони ҳукумати Тоҷикистон доир гардид.




Чӣ тавре ки ба ОИ «Азия-Плюс» аз вазорати номбурда хабар доданд, мутахассиси бахши энергетикаи Аврупо ва Осиёи Марказии Бонки ҷаҳонӣ Рагувир Шарма ба ҳозирин дар бораи машварати гузаронидаи бонк оид ба идомаи сохтмони нерӯгоҳи «Роғун» бо намояндагони Афғонистон, Туркманистон, Қазоқистон ва Қирғизистон маълумот додааст.



Ба қавли ӯ, намояндагони Туркманистон аҳамияти бузурги идомаи сохтмонро таъкид сохта, изҳор намудаанд, ки Тоҷикистон дар идомаи сохтмони он комилҳуқуқ аст. Коршиносони соҳаи энергетикаи Қазоқистон ба масоили ҳаҷми тавлиди барқ ва иқтидори содиротии он таваҷҷӯҳ зоҳир сохтаанд. «Қирғизистон комилан аз идомаи сохтмони ин иншоот пуштибонӣ карда, намояндагони Афғонистон низ гуфтанд, ки ҳеҷ эътирозе ё мухолифате ба он надоранд ва гузашта аз ин, бо Тоҷикистон ҷиҳати бунёди нерӯгоҳи «Даштиҷум» дар рӯдхонаи Панҷ Ёддошти тафоҳум ба имзо расонидаанд», – гуфт ӯ.



Р.Шарма зикр кард, ки Бонки ҷаҳонӣ алҳол дар ин бора бо Ӯзбекистон машварат накардааст ва назари Ӯзбекистонро перомуни идомаи сохтмони нерӯгоҳи «Роғун» ахири октябр ҷӯё хоҳад шуд.



Дар навбати худ муовини аввали сарвазири Тоҷикистон Асадулло Ғуломов изҳор доштааст, ки ҳанӯз дар замони шӯравӣ зимни таҳияи лоиҳаи сохтмони нерӯгоҳ масоили ҳифзи муҳити зист ва экология ба назари эътибор гирифта шудааст ва агар барои кишваре дар лоиҳаи иншоот нофаҳмие мавҷуд бошад, ҳукумати Тоҷикистон омода аст, онро дар ҳама гуна сатҳ мавриди баррасӣ қарор диҳад. А.Ғуломов аз гурӯҳи коршиносони Бонки ҷаҳонӣ дархост кардааст, дар баробари таҳияи заминаи иқтисодиву фаннии нерӯгоҳи Роғун, ҳамчунин аз паҳлӯҳои иҷтимоиву экологии лоиҳа низ натиҷагирӣ кунанд.


Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Дар кӯдакистонҳо бояд кадом тадбирҳои бехатарӣ риоя шаванд?

Баъди нашри навори задани як кӯдак аз сӯи муррабие дар яке аз кӯдакистонҳои пойтахт, баҳси бехатарии тифлон дар муассисаҳои томактабӣ дубора доғ шуд.

Аз қатли Қобилҷон 5 моҳ гузашт. Модараш бори аввал дар бораи фарзандаш, рӯзи ҳодиса, рафти тафтишот ва зиндагии имрӯзааш суҳбат кард

“Азия-Плюс” ба суроғи Нилуфар Сафоева рафт ва бори аввал дар бораи фоҷеае, ки сари ӯву писараш омад, гуфтугӯ кард.

Чаро ҷаҳон ба захираҳои маъдании Тоҷикистон таваҷҷуҳ надорад?

Тоҷикистон воқеан дорои захираҳои назарраси фулузоти нодир аст, вале он тасдиқ нашудааст.

Интиқоли беш аз 250 ҳазор сомонӣ ба суратҳисоби қаллобон дар як моҳ

Созмони Байналмилалии Муҳоҷират аз афзоиши қаллобони маҷозӣ ҳушдор медиҳад.

Ҳавошиносон сокинони Тоҷикистонро аз боришоту обхезӣ ва гарду ғубор ҳушдор доданд

Оҷонсии ҳавошиносии Тоҷикистон сокинони кишварро аз боришот, омадани сел...

Дар бозорҳои Хатлон нархи семент гарон шудааст. Далели он чист?

Арзиши семент дар як ҳафтаи охир то 20 сомонӣ қимат шудааст.

Тими миллии наврасони Тоҷикистон бо Ҷоми Осиё худоҳофизӣ кард, вале ба Ҷоми ҷаҳон меравад

Наврасони тоҷик баъди шикасти бузург аз ҳамсолони худ аз Ҷопон ба Душанбе бармегарданд.

Вазорати корҳои хориҷии Амрико гуфт, Исроил ва Лубнон ба тамдиди оташбас мувофиқат карданд

Бо ин вуҷуд, ду тараф ҳамвора якдигарро ба нақзи оташбас муттаҳам мекунанд.

Агентии инноватсия: интиқоли пули шаҳрвандон тавассути ҳамёнҳои элекронӣ андозбандӣ намешавад

Дар ин ниҳод шарҳ доданд, ки лоиҳаи санҷишӣ ба ошкор кардани ҳолатҳои доимии фаъолияти соҳибкорие, ки ба қайд гирифта нашудааст, равона гардидааст.