Душанбе. 11-уми октябр – Нимаи дуюми р
ӯ
з
ҷ
аласаи навбатии Ш
ӯ
рои байнидавлатии
Ҷ
омеаи иқтисодии Евразия баргузор гашт, ки таҳти раёсати раиси Ш
ӯ
ро – Президенти
Ҷ
умҳурии То
ҷ
икистон Эмомал
ӣ
Раҳмон
ҷ
араён гирифт.
Мавз
ӯ
ъи асосии
ҷ
аласа баррасии масоили ташкили Иттиҳоди гумрук
ӣ
ва Фазои ягонаи иқтисод
ӣ
буд.
Масоили истифодаи самарабахши захираҳои обию энергетик
ӣ
ва ташкил додани бозори ягонаи энергетик
ӣ
аз мавз
ӯ
ъҳои муҳими ҳамоиш буд.
Таъкид гардид, ки дар соли раёсати
Ҷ
умҳурии То
ҷ
икистон баҳри татбиқи амалии санадҳои қаблан қабулшуда корҳои назаррас ба сомон расид. Дар ин бора аз дафтари матбуоти сарвари давлат хабар доданд.
Маълумотнома:
Дар таърихи 10-уми октябри соли 2000 дар шаҳри Остона сарони кишварҳои Белорус, Қазоқистон, Қирғизистон, Русия ва Тоҷикистон Шартномаи таъсиси Иттиҳоди иқтисодии Аврупо ва Осиёро (ЕврАзЭС) ба имзо расониданд, ки он муносиботи ҳамкориҳои кишварҳоро ба сатҳи сифатан нав бароварда, шаклҳои ҳуқуқӣ ва ташкилии муттаҳидшавии онҳоро муайян сохт. (Аз ҷониби ҳамаи кишварҳо тасдиқ гардида, аз 30-уми майи соли 2001 дар амал ҷорӣ шуд). Моҳи майи соли 2002 бо дархости кишварҳои Молдова ва Украина дар иттиҳод ба онҳо мақоми нозир дода шуд. Ӯзбекистон соли 2006 ба иттиҳод ҳамроҳ гардид.


