Дар Маскав Хайринисо Юсуфӣ бо занони муҳоҷири меҳнатӣ вохӯриҳо барпо мекунад

Душанбе. 11-уми октябр. ОИ «Азия-Плюс» – Раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди ҳукумати Тоҷикистон Хайринисо Юсуфӣ, ки дар Маскав қарор дорад, бо занони муҳоҷири меҳнатии тоҷик вохӯриҳо барпо мекунад. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» муовини аввали раиси кумита Қимматгул Алибердиева хабар дод, тайи як ҳафта Х.Юсуфӣ зимни вохӯриҳо кӯшиш ба харҷ хоҳад дод, то […]


Душанбе. 11-уми октябр. ОИ «Азия-Плюс» – Раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди ҳукумати Тоҷикистон Хайринисо Юсуфӣ, ки дар Маскав қарор дорад, бо занони муҳоҷири меҳнатии тоҷик вохӯриҳо барпо мекунад.




Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» муовини аввали раиси кумита Қимматгул Алибердиева хабар дод, тайи як ҳафта Х.Юсуфӣ зимни вохӯриҳо кӯшиш ба харҷ хоҳад дод, то сабаби афзоиши ҳамасолаи шумораи занони муҳоҷири тоҷикро муайян созад. Дар сафар раиси кумитаро намояндагони Хадамоти муҳоҷирати Вазорати умури дохилии ҷумҳурӣ ва якчанд созмонҳои байнулмилалӣ ҳамроҳӣ мекунанд.



Номбурда инчунин изҳор дошт, ки шумораи дақиқи занони муҳоҷири тоҷик то ҳанӯз мушаххас нест, зеро дар ин бора дар ҷумҳурӣ омори дақиқ низ вуҷуд надорад. «Ояндаи наздик раҳбарияти кумита аз Қазоқистону Чин низ боздид хоҳад кард, зеро дар ин кишварҳо ҳам сафи бонувони муҳоҷири тоҷик зиёд аст», – гуфт ӯ.



Қ.Алибердиева афзуд, ки аз рӯи натиҷаҳои боздидҳо баҳри дақиқан мушаххас кардани вазъу раванд ва шумораи занони муҳоҷири тоҷик конфронси махсус баргузор хоҳад шуд.


Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Мӯйсафеде, ки ба Эмомалӣ Раҳмон гуфт, “миллати ориёиҳоро зиёд кардем” кист?

Вақте навори ин гуфтугӯ паҳн шуд, ба ин суроғи пирамарди зиндадил рафтем ва дар бораи зиндагии ӯ гузориш омода кардем.

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.