Ширкати чиноии «Шанг Донг Сан Ксин» дар Тоҷикистон корхонаи муштарак боз карданист

               Душанбе. 13-уми октябр. ОИ «Азия-Плюс» – Ширкати чиноии «Шанг Донг Сан Ксин» дар Тоҷикистон корхонаи муштарак боз карданист.             Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон хабар доданд, масъалаи мазкур дар мулоқоти раиси палата Шариф Саид бо ҳайати намояндагони Чин таҳти сарварии роҳбари ширкати мазкур Йонгксианг Лю мавриди баррасӣ қарор […]



         




    

Душанбе. 13-уми октябр. ОИ «Азия-Плюс» – Ширкати чиноии «Шанг Донг Сан Ксин» дар Тоҷикистон корхонаи муштарак боз карданист.





           

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон хабар доданд, масъалаи мазкур дар мулоқоти раиси палата Шариф Саид бо ҳайати намояндагони Чин таҳти сарварии роҳбари ширкати мазкур Йонгксианг Лю мавриди баррасӣ қарор гирифтааст.




           

Ба иттилои манбаъ, ҳайати Чин аз намояндагони бонкҳо, соҳаҳои маориф, энергетика ва ғайра иборат буда, онҳо ҷиҳати шиносоӣ бо вазъи иқтисодиву иҷтимоии Тоҷикистон ва таъсиси корхонаҳои муштарак бо шарикони тоҷикистонии худ ба ҷумҳурӣ ташриф овардаанд. «Аксари соҳибкорони Чин имрӯз муваффақона дар Тоҷикистон фаъолияти худро ба роҳ мондаанд, вале бо вуҷуди ин, феълан низ дар кишвари мо соҳибкорони зиёде хоҳиш доранд, ба рушди иқтисоди Тоҷикистон сармоягузорӣ намоянд», – гуфт сарвари ҳайати Чин Йонгксианг Лю.




           

Дар навбати худ раиси Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон Шариф Саид меҳмононро бо вазъи иқтисодиву иҷтимоии ҷумҳурӣ ошно сохта, таъкид дошт, ки солҳои ахир муносибатҳои ҳамкории дуҷонибаи Тоҷикистону Чин дар ҳоли густариши бесобиқа қарор доранд.


Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Мӯйсафеде, ки ба Эмомалӣ Раҳмон гуфт, “миллати ориёиҳоро зиёд кардем” кист?

Вақте навори ин гуфтугӯ паҳн шуд, ба ин суроғи пирамарди зиндадил рафтем ва дар бораи зиндагии ӯ гузориш омода кардем.

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.