Бинои асосии Донишгоҳи тиббӣ аввали моҳи ноябр ба истифода дода мешавад

Date:


Душанбе. 14-уми октябр. ОИ «Азия-Плюс» – Интизор меравад, ки пас аз таъмири асосӣ бинои Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон, ки соли гузашта бар асари сӯхтор хароб гашта буд, аввали моҳи ноябр мавриди истифода қарор мегирад. Дар ин бора ёвари ректорои донишгоҳ Акмал Бобоев хабар дод.




Ба гуфтаи ӯ, корхонаҳои сохтмонии ватании «Тоҷиксохтмон», «Авторем», Асос», «Рамзес», «Осоиш» ва «Систем-автоматик» дар таъмиру бозсозии бино саҳм мегиранд. «Ҳамчунин ҳамарӯза ҳудуди 60 ва дар рӯзҳои истироҳат 150 нафар донишҷӯёни донишгоҳ ба сохтмончиён кӯмак мерасонанд», – гуфт ӯ.





Зикр гардид, ки барои таъмир ва барқарорсозии бинои асосии донишгоҳ, ки қариб пурра сӯхта нобуд гардида буд, ҳукумати ҷумҳурӣ беш аз 7 млн. сомонӣ маблағ ҷудо намуда, ҳукуматҳои Туркия ва Ҳиндустон 100 ҳазор доллари амрикоӣ ҳар кадоме ва Ассотсиатсияи табибони амрикоӣ 2 ҳазор долларӣ амрикоӣ кӯмак расониданд. Русия, Иёлоти Муттаҳидаи Амрико, кишварҳои Иттиҳоди Аврупо ва Эрон ваъда додаанд, ки донишгоҳро бо дастуру китобҳои таълимӣ ва таҷҳизоти техникӣ таъмин хоҳанд кард.




ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 15 феврали соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ – Имрӯз соати 11:00 дар Театри давлатии лӯхтаки...

Ҷинояткорӣ миёни ноболиғон афзудааст. Рамазон Раҳимзода онро “ташвишовар” хонд

Рамазон Раҳимзода, вазири корҳои дохилии Тоҷикистон рӯзи 12-уми феврал...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 14 феврали соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ – Имрӯз соати 15:00 Диловар Андалибов, овозхони ҷавони...

Додситони кул муноқишаи додситони Бӯстон ва ба таври мармуз аз вазифа озод шудани додситони пешини Хатлонро шарҳ дод

Додситони кулли Тоҷикистон тасдиқ кард, ки барканории Абдуқаҳҳор Азизов...