Бинои асосии Донишгоҳи тиббӣ аввали моҳи ноябр ба истифода дода мешавад

Душанбе. 14-уми октябр. ОИ «Азия-Плюс» – Интизор меравад, ки пас аз таъмири асосӣ бинои Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон, ки соли гузашта бар асари сӯхтор хароб гашта буд, аввали моҳи ноябр мавриди истифода қарор мегирад. Дар ин бора ёвари ректорои донишгоҳ Акмал Бобоев хабар дод. Ба гуфтаи ӯ, корхонаҳои сохтмонии ватании «Тоҷиксохтмон», «Авторем», Асос», «Рамзес», «Осоиш» […]


Душанбе. 14-уми октябр. ОИ «Азия-Плюс» – Интизор меравад, ки пас аз таъмири асосӣ бинои Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон, ки соли гузашта бар асари сӯхтор хароб гашта буд, аввали моҳи ноябр мавриди истифода қарор мегирад. Дар ин бора ёвари ректорои донишгоҳ Акмал Бобоев хабар дод.




Ба гуфтаи ӯ, корхонаҳои сохтмонии ватании «Тоҷиксохтмон», «Авторем», Асос», «Рамзес», «Осоиш» ва «Систем-автоматик» дар таъмиру бозсозии бино саҳм мегиранд. «Ҳамчунин ҳамарӯза ҳудуди 60 ва дар рӯзҳои истироҳат 150 нафар донишҷӯёни донишгоҳ ба сохтмончиён кӯмак мерасонанд», – гуфт ӯ.





Зикр гардид, ки барои таъмир ва барқарорсозии бинои асосии донишгоҳ, ки қариб пурра сӯхта нобуд гардида буд, ҳукумати ҷумҳурӣ беш аз 7 млн. сомонӣ маблағ ҷудо намуда, ҳукуматҳои Туркия ва Ҳиндустон 100 ҳазор доллари амрикоӣ ҳар кадоме ва Ассотсиатсияи табибони амрикоӣ 2 ҳазор долларӣ амрикоӣ кӯмак расониданд. Русия, Иёлоти Муттаҳидаи Амрико, кишварҳои Иттиҳоди Аврупо ва Эрон ваъда додаанд, ки донишгоҳро бо дастуру китобҳои таълимӣ ва таҷҳизоти техникӣ таъмин хоҳанд кард.




Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Мӯйсафеде, ки ба Эмомалӣ Раҳмон гуфт, “миллати ориёиҳоро зиёд кардем” кист?

Вақте навори ин гуфтугӯ паҳн шуд, ба ин суроғи пирамарди зиндадил рафтем ва дар бораи зиндагии ӯ гузориш омода кардем.

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.