Дар Душанбе озмуни «Муаллими сол» оғоз гардид

Date:



          

Душанбе. 14-уми октябр. ОИ «Азия-Плюс» – Имрӯз дар Душанбе озмуни «Муаллими сол» оғоз мегардад.





           

Тавре аз Вазорати маорифи ҷумҳурӣ ба ОИ «Азия-Плюс» хабар доданд, дар озмуни мазкур 8 нафар ғолибони озмунҳои минтақавӣ иштирок мекунанд.


   






           



 


Ширкаткунандагони озмун дар бахшҳои гузаронидани дарс, аз рӯйи ихтисос, таҳияи нақшаи гузаронидани он, пешниҳод намудани дараҷаи эҷоди худ, кор бо компютер ва маҳорати баргузории соати тарбиявӣ бо ҳам қувваозмоӣ менамоянд.



Ғолиби озмун соҳиби мукофоти пулӣ ба маблағи 2 ҳазор сомонӣ мешавад. Соли гузашта омӯзгори забони англисии литсеи рақами 55-и шаҳри Душанбе муаллими беҳтарини сол дониста шуд.





           




Баргузор намудани чунин озмунҳо барои баланд бардоштани сатҳи дониши омӯзгорони макотиби таҳсилоти умумӣ ва дар ин замина ба бедор кардани ҳисси муҳаббат ва завқи онҳо нисбат ба касби пурифтихори омӯзгорӣ мусоидат мекунад.




ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 15 феврали соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ – Имрӯз соати 11:00 дар Театри давлатии лӯхтаки...

Ҷинояткорӣ миёни ноболиғон афзудааст. Рамазон Раҳимзода онро “ташвишовар” хонд

Рамазон Раҳимзода, вазири корҳои дохилии Тоҷикистон рӯзи 12-уми феврал...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 14 феврали соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ – Имрӯз соати 15:00 Диловар Андалибов, овозхони ҷавони...

Додситони кул муноқишаи додситони Бӯстон ва ба таври мармуз аз вазифа озод шудани додситони пешини Хатлонро шарҳ дод

Додситони кулли Тоҷикистон тасдиқ кард, ки барканории Абдуқаҳҳор Азизов...