Душанбе. 20-уми октябр. ОИ «Азия-Плюс» – Имрӯз дар Иттифоқи журналистони Тоҷикистон (ИЖТ) барои рӯзноманигорони васоити ахбори умумии марказӣ ва минтақавӣ семинар-тренинг дар мавзӯи «Дастрасӣ ба иттилоот: ҳуқуқҳо ва дарки масъулият» ба кор шурӯъ мекунад.
Тавре котиби масъули ИЖТ Пӯлод Нуров ба ОИ «Азия-Плюс» хабар дод, семинарро Ассотсиатсияи миллии васоити ахбори оммаи мустақили Тоҷикистон бо дастгирии молиявии шӯъбаи «Интернюс Нетворк Инк.» дар Тоҷикистон баргузор мекунад.
Бино ба иттилои манбаъ, тренинги мазкур барои баланд бардоштани сатҳи касбии рӯзноманигорон, огаҳии комил аз ҳуқуқҳои худ, андӯхтани донишҳои назариявӣ ва таҷрибавии рафтор дар вазъи гуногуни дастрасӣ ба иттилоот, ҷалби таваҷҷӯҳи онҳо ба омӯзиш ва риояи меъёрҳои миллӣ ва байнулмилалӣ дар соҳаи рӯзноманигорӣ ва ширкати фаъолонаи онҳо дар баррасии ин мавзӯъ равона гардидааст.
«Таҷрибаҳо гувоҳи онанд, ки сатҳи омодагии касбӣ ва заминаи ҳуқуқии рӯзноманигорон дар дарки масъулият зимни дастрасӣ ба иттилооти расмиву ғайрирасмӣ, истифодаву таҳқиқи он ба талаботи имрӯзаи фаъолияти босамар дар соҳаи рӯзноманигорӣ ҷавобгӯ нестанд», – гуфт П.Нуров.


