Ба журналистони тоҷик ҳуқуқҳо ва дарки масъулият зимни дастрасӣ ба иттилоотро меомӯзанд

  Душанбе. 20-уми октябр. ОИ «Азия-Плюс» – Имрӯз дар Иттифоқи журналистони Тоҷикистон (ИЖТ) барои рӯзноманигорони васоити ахбори умумии марказӣ ва минтақавӣ семинар-тренинг дар мавзӯи «Дастрасӣ ба иттилоот: ҳуқуқҳо ва дарки масъулият» ба кор шурӯъ мекунад. Тавре котиби масъули ИЖТ Пӯлод Нуров ба ОИ «Азия-Плюс» хабар дод, семинарро Ассотсиатсияи миллии васоити ахбори оммаи мустақили Тоҷикистон бо […]





 




Душанбе. 20-уми октябр. ОИ «Азия-Плюс» – Имрӯз дар Иттифоқи журналистони Тоҷикистон (ИЖТ) барои рӯзноманигорони васоити ахбори умумии марказӣ ва минтақавӣ семинар-тренинг дар мавзӯи «Дастрасӣ ба иттилоот: ҳуқуқҳо ва дарки масъулият» ба кор шурӯъ мекунад.



Тавре котиби масъули ИЖТ Пӯлод Нуров ба ОИ «Азия-Плюс» хабар дод, семинарро Ассотсиатсияи миллии васоити ахбори оммаи мустақили Тоҷикистон бо дастгирии молиявии шӯъбаи «Интернюс Нетворк Инк.» дар Тоҷикистон баргузор мекунад.



Бино ба иттилои манбаъ, тренинги мазкур барои баланд бардоштани сатҳи касбии рӯзноманигорон, огаҳии комил аз ҳуқуқҳои худ, андӯхтани донишҳои назариявӣ ва таҷрибавии рафтор дар вазъи гуногуни дастрасӣ ба иттилоот, ҷалби таваҷҷӯҳи онҳо ба омӯзиш ва риояи меъёрҳои миллӣ ва байнулмилалӣ дар соҳаи рӯзноманигорӣ ва ширкати фаъолонаи онҳо дар баррасии ин мавзӯъ равона гардидааст.



«Таҷрибаҳо гувоҳи онанд, ки сатҳи омодагии касбӣ ва заминаи ҳуқуқии рӯзноманигорон дар дарки масъулият зимни дастрасӣ ба иттилооти расмиву ғайрирасмӣ, истифодаву таҳқиқи он ба талаботи имрӯзаи фаъолияти босамар дар соҳаи рӯзноманигорӣ ҷавобгӯ нестанд», – гуфт П.Нуров.


Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Рақобати Асрор Воҳидов бекор шуд: камарбанди WBC Eurasia ҳоло ҳам соҳиб надорад

Яке аз қувваозмоиҳои деринтизор дар минтақа, ки бояд дар Тошканд баргузор мешуд, ногаҳон доир нагардид.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 6

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Тамдиди қоидаҳои вуруд барои муҳоҷирон. Аз 1-уми июн дар қонунгузории Русия чӣ тағйир ёфт?

Чанд тағйироте, ки аз 1-уми июн ба ҳукми амал даромад, гирдоварӣ кардем.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 3 июни соли 2026

Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи кормандони соҳаҳои савдо, хидматрасонии маишӣ ва коммуналӣ аст.

Омӯзгоре, ки аз латукӯби бародари як шогирдаш шикоят дошт, мегӯяд, нисбати худаш парванда боз шудааст

Пештар гуфта мешуд, ки Додситонии ноҳияи Нуробод шикояти омӯзгорро баррасӣ дорад.

Трамп баъди фишори Эрон Натаняҳуро водор ба оташбас кард ва гуфт, ки эҳтимол ҳафтаи оянда Вашингтону Теҳрон ба созиш расанд

Бо вуҷуди эълони оташбас аз сӯйи раисҷумҳури Амрико, даргирӣ миёни Исроил ва “Ҳизбуллоҳ” идома ёфт.