Душанбе. 21-уми октябр. ОИ «Азия-Плюс» – Вазорати кишоварзии Тоҷикистон «Барномаи рушди соҳаи асппарварӣ то соли 2014»-ро таҳия сохтааст. Дар ин бора ба ОИ «Азия-Плюс» сардори Раёсати чорводорӣ, паррандапарварӣ, моҳипарварӣ ва занбӯриасалпарврии вазорати номбурда Музаффар Мирзоев хабар дод.
Ба гуфтаи ӯ, барномаи мазкурро вазорату идораҳои дахлдор маъқул шуморида, он имрӯз барои тасдиқ ба ҳукумати ҷумҳурӣ пешниҳод мегардад. Зикр гардид, ки амалисозии барнома ҳудуди 250 ҳазор сомонӣ маблағгузориро тақозо менамояд.
М.Мирзоев афзуд, ки феълан дар ҳамаи хоҷагиҳои ҷумҳурӣ 77 ҳазор саршумори асп мавҷуд аст.


