В.Густов: То ба $1 млрд. расонидани ҳаҷми муомилоти молии Русияву Тоҷикистон аз эҳтимол дур нест

Душанбе. 21-уми октябр. ОИ «Азия-Плюс» – Раиси Кумитаи Шӯрои Федератсияи Русия оид ба корҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил Вадим Густов бар ин назар аст, ки бо назардошти вазъи кунунӣ ва ҷараёни амалишавии ҳамкориҳои минтақавӣ миёни Русияву Тоҷикистон, то соли 2009 муомилоти мол миёни давлатҳоро то ба 1 млрд. доллари амрикоӣ расонидан аз эҳтимол дур нест. Ба […]


Душанбе. 21-уми октябр. ОИ «Азия-Плюс» – Раиси Кумитаи Шӯрои Федератсияи Русия оид ба корҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил Вадим Густов бар ин назар аст, ки бо назардошти вазъи кунунӣ ва ҷараёни амалишавии ҳамкориҳои минтақавӣ миёни Русияву Тоҷикистон, то соли 2009 муомилоти мол миёни давлатҳоро то ба 1 млрд. доллари амрикоӣ расонидан аз эҳтимол дур нест. Ба қавли ӯ, дар Ҳамоиши


III


-уми байнипарлумонии «Русия-Тоҷикистон: имконоти ҳамкории минтақавӣ», ки рӯзҳои 24-25-уми октябр дар шаҳри Душанбе баргузор мешавад, барои расидан ба ин мақсад тадбирҳои муассир андешида хоҳанд шуд.




Тавре аз сафорати Русия дар Тоҷикистон ба ОИ «Азия-Плюс» хабар доданд, қарорҳои дар ҳамоиш қабулгардида ва асноди ба тасвибрасида ба амалӣ гаштани чунин пешгӯи мусоидат хоҳанд кард.



В.Густов изҳор дошт, ки ду ҳамоиши қаблӣ натиҷаҳои хуб ба бор оварда, барои рушди минбаъдаи ҳамкориҳо заминаи мусоиди ҳуқуқиву иқтисодӣ фароҳам сохтаанд. «Ман мӯътақидам, ки бо такя ба заминаи ҳуқуқиву шартномавии ташкилгардида, ҳамоиш баҳри рушди минбаъдаи босуръати ҳамкориҳои Русияву Тоҷикистон дар бахшҳои гуногун такони ҷиддӣ хоҳад бахшид», – гуфт ӯ.



Номбурда афзуд, ки рушду тавсиаи робитаҳои минтақавӣ омили асосии таҳкими муносиботи тиҷоративу иқтисодӣ боқӣ мемонанд. «Дар асоси созишномаҳои дуҷониба аллакай 70 субъектҳои Русия бо Тоҷикистон ҳамкориҳои иқтисодиву тиҷоратиро ба роҳ мондаанд», – гуфт В.Густов.


Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Сайфулло Сафаров: “Азия-Плюс” писари эркаи Тоҷикистон аст”

Ин сиёсатшинос ва яке аз ғояпардозони пешини ҳукумати кишвар мегӯяд, “воқеънигорӣ сабаби назари неки ҳукумат ба ин расона аст”.

Вазорати энергетика: Тоҷикистон ба сафи кишварҳои пешсафи истеҳсоли энергияи “сабз” шомил аст

Ҳудуди 95%-и нерӯи барқ дар кишвар дар нерӯгоҳҳои барқи обӣ истеҳсол мешавад.

Баъди гузориши “Азия-Плюс” духтарчаи дусолаи шоҳномахонро қадрдонӣ кардаанд

Раёсати маорифи вилояти Суғд ба суроғи ин кӯдаки шоҳномахон рафтааст.

Нархи гузариши Рустам Ятимов то 2 млн евро гарон шуд

Ин беҳтарин нишондиҳанда миёни футболбозони дастаи футболи Тоҷикистон аст.

Ҷашнвораи оилавӣ. “Салом, тобистон!” чӣ гуна гузашт?

Ин ҷашнвораи анъанавӣ аз чорабиниҳои дӯстдоштаи сокинон аст, ки ҳар сол интизор мешаванд.

Боздошти як ҷавони афғонистонӣ бо гумони куштори падараш дар шаҳри Ваҳдат

Нисбати ӯ бо моддаи "одамкушӣ" парвандаи ҷиноятӣ боз шудааст.

“Wildberries” тиҷорати электрониро дар Тоҷикистон рушд медиҳад. Зиёда аз 100 соҳибкор дар бораи имкониятҳои нави содиротӣ барои тиҷорат маълумот гирифтанд

Соҳибкорон бо тарзи кори маркетплейс, воситаҳои пешбурди маҳсулот ва имкониятҳои рушди тиҷорат шинос шуданд.

Чаро рақобати Асрор Воҳидов бекор шуд?

Сабаби бекор шудани қувваозмоӣ дарёфти допинг дар ҷисми варзишгари Куба мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 6

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.