Кишварҳои Осиёи Марказӣ дар заминаи танзими об ва энергия тавофуқ ҳосил карданд

Душанбе. 21-уми октябр – Умирзак Шукеев, муовини нахуствазири ин кишвар дирӯз эълом кардааст, ки тавофуқи ниҳоӣ дар ин маврид дар ҳамоиши муовинони нахуствазирони кишварҳои минтақа, ки 18-уми октябр дар шаҳри Алмаато баргузор шуд, ба даст омадааст. Ба гуфтаи оқои Шукеев, тибқи ин тавофуқ, се кишвари минтақа – Қазоқистон, Туркманистон ва Ӯзбекистон ба Қирғизистон ва Тоҷикистон […]

ВВС


Душанбе. 21-уми октябр – Умирзак Шукеев, муовини нахуствазири ин кишвар дирӯз эълом кардааст, ки тавофуқи ниҳоӣ дар ин маврид дар ҳамоиши муовинони нахуствазирони кишварҳои минтақа, ки 18-уми октябр дар шаҳри Алмаато баргузор шуд, ба даст омадааст.




Ба гуфтаи оқои Шукеев, тибқи ин тавофуқ, се кишвари минтақа – Қазоқистон, Туркманистон ва Ӯзбекистон ба Қирғизистон ва Тоҷикистон барои рафъи мушкили камбуди нерӯи барқ дар зимистони соли ҷорӣ кӯмак карда ва аз захоири об дар обанборҳои ин кишварҳо барои шодоб кардани мазореъи худ дар тобистони соли оянда истифода хоҳанд кард.



Оқои Шукеев афзудааст, ки барои бори нахуст дар 15 соли ахир дар ҳалли ин масоил ҷониби Туркманистон низ иқдом кардааст. Зеро, ба эътиқоди оқои Шукеев, бидуни истифода аз манобеъи энержии Туркманистон ҳалли ин мушкилот дар зимистони соли ҷорӣ гайримумкин аст.



Муовини нахуствазири Қазоқистон изҳори умедворӣ кардааст, ки дар оянда дар ин замина санаде аз сӯйи кишварҳои минтақа таҳия ва тасвиб шавад, ки эҷоди механизмҳои доимии ҳалли ин мушкилотро фаро хоҳад гирифт.


Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Aura

Ахбори тоза

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 75

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Вазир: “Деҳқон озод аст”. Раис: “Пахта кор”. Кишоварзон чӣ кор бояд кунанд?

Вазорати кишоварзӣ мегӯяд, ҳеқ кас барои маҷбур кардани деҳқонон ҳақ надорад, лекин мақомот дар маҳалҳо ҳарчи зиёдтар фишор меоранд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 27 апрели соли 2026

Аз пахши радиои "Азия-Плюс" дар Хатлон то зодрӯзи Аъзам Сидқӣ ва Заррагул Искандарова

Ҷазои 20 сарбоз барои фирор аз қисми низомӣ. Арзёбии шароити сарбозон ва будубоши онҳо дар қисмҳои низомӣ аз сӯйи Омбудсмен

Ҳамчунин, 10 корманди комиссариатҳои ҳарбӣ барои дағалона рафтор кардан ва иҷро накардани вазифаҳои хидматӣ муҷозот шудаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 26 апрели соли 2026

Аз зодрӯзи Далер Лоҳутӣ ва Абдулфаттоҳ Ҳотамов, бунёдгузори литсейи "Ҳотам ПВ" то рӯзи ҷаҳонии моликияти зеҳнӣ.

Эроние мехоҳад муаррифи Тоҷикистон бошад. Ӯ кист ва чӣ бардошт аз кишвари мо дорад?

Ӯ тафовути фарҳангӣ миёни эрониён ва тоҷикистониёнро дар чӣ мебинад ва барои ҳунармандони тоҷик чӣ пешниҳод дорад?

Дар либоси нозирони милитсияи Душанбе дурбинҳои назоратӣ насб мекунанд

Қаблан ба нозирони роҳ ин дастгоҳ дода шуда буд, аммо то куҷо истифода шуд, номаълум аст.

Оҷонсии зиддифасод мудир ва сармуҳосиби Маркази саломатии №2 дар Кӯлобро ба тасарруфи беш аз 233 ҳазор сомонӣ пули беҷет айбдор мекунад

Гумонбари асосии ин қазия роҳбари як корхона аст, ки марказҳои тиббиро бо таҷҳизоту лавозимот таъмин мекард.