Душанбе. 23-уми октябр. ОИ «Азия-Плюс» – Вазорати фарҳанги ҷумҳурӣ ният дорад аз соли оянда тартиби навбатро барои зиёрати хонаи Каъба ҷорӣ созад.
Тавре сардори Раёсат оид ба корҳои дини вазорат Саидбек Маҳмадуллоев ба ОИ «Азия-Плюс» хабар дод, чунин тартибот дар бисёр кишварҳо, аз ҷумла дар Эрон муддати 10 сол аст, ки амал мекунад. Номбурда мегӯяд, ки ин иқдом бинобар сол аз сол афзудани сафи хоҳишмандони зиёрати Каъба дар ҷумҳурӣ пеш гирифта мешавад. «Зоирине, ки имсол муяссарашон нагашт ба ҳаҷ раванд, ба рӯйхати навбати соли оянда дохил карда мешаванд», – гуфт ӯ.
Ба қавли ӯ, айни замон рӯйхати ҳамаи шаҳрвандони Тоҷикистон, ки соли равон сафари хонаи Каъба мераванд, омода шудааст. Имсол аз 5 ҳазор квотаи ҷудошудаи Арабистони Саъудӣ ба Тоҷикистон 138 нафар аз Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, 1 ҳазору 328 нафар аз вилояти Суғд, 1 ҳазору 538 нафар аз вилояти Хатлон, 494 нафар аз шаҳри Душанбе ва 1 ҳазору 2 нафар аз ноҳияҳои тобеи марказ ба зиёрати хонаи Каъба раҳсипор хоҳанд шуд.
С.Маҳмадуллоев афзуд, ки гурӯҳи аввалини зоирин аз Тоҷикистон 17-уми ноябр озими Арабистони Саъудӣ мегарданд. Ҳамлу нақли зоирин ба дӯши ширкати ҳавопаймоии «Тоҷик Эйр» вогузор шудааст.


