Душанбе. 28-уми октябр. ОИ «Азия-Плюс» – Корхонаи воҳиди давлатии ҳавопаймоии «Тоҷик Эйр» аз 1-уми ноябри соли ҷорӣ шумори парвозҳо ба хатсайри Душанбе-Истанбулро зиёд карда, ба Аврупо хатсайри нав ифтитоҳ мекунад. Тавре сухангӯи ширкати «Тоҷик Эйр» Назира Давлатова ба ОИ «Азия-Плюс» хабар дод, ки парвози ҳавопаймоҳо бо хатсайри Душанбе-Истанбул-Душанбе дар як ҳафта ду маротиба – рӯзҳои сешанбе ва шанбе амалӣ мегарданд.
Ба қавли ӯ, парвоз тавассути ҳавопаймои навъи «
Boeing
-737-800», ки рӯзи 14-уми октябр аз Чехия оварда шудааст, анҷом дода мешавад.
Дар ҳамин ҳол, мегӯяд Н.Давлатова, рӯзҳои наздик ширкати ҳавопаймоии ҷумҳурӣ соҳиби боз як ҳавопаймои навъи «
Boeing
-757-200» мешавад, ки он тариқи лизинг аз ширкатҳои амрикоӣ гирифта шудааст. «Ин чаҳорумин ҳавопаймои истеҳсоли кишварҳои ғарбӣ буда, он барои таъмини ҳамлу нақли мусофирон бо хатсайри Душанбе-Франкфурт – Душанбе истифода хоҳад шуд», – гуфт сухангӯи ширкати ҳавопаймоӣ ва афзуд, ки ифтитоҳи ин хатсайри тоза ба самти Аврупо рӯзи 20-уми ноябри соли ҷорӣ ба нақша гирифта шудааст.


