Посдори яке аз шӯъбаҳои «Ориёнбонк» дар Душанбе тасодуфан аз тарафи ҳамкораш кушта шудааст

Душанбе. 28-уми сентябр. ОИ «Азия-Плюс» – Сержанти милиса, посдори яке аз ш ӯ ъбаҳои «Ориёнбонк» дар Душанбе Одина Давлатов тасодуфан аз тарафи ҳамкораш кушта шудааст. Дар ин бора ба ОИ «Азия-Плюс» аз Вазорати умури дохилии кишвар хабар доданд.              Ба гуфтаи манбаъ, дар натиҷаи амалиёти фавриву ҷустуҷӯӣ кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқи кишвар муайян намуданд, […]

Наргис Ҳамробоева


Душанбе. 28-уми сентябр. ОИ «Азия-Плюс» – Сержанти милиса, посдори яке аз ш


ӯ


ъбаҳои «Ориёнбонк» дар Душанбе Одина Давлатов тасодуфан аз тарафи ҳамкораш кушта шудааст. Дар ин бора ба ОИ «Азия-Плюс» аз Вазорати умури дохилии кишвар хабар доданд.





 


          

Ба гуфтаи манбаъ, дар натиҷаи амалиёти фавриву ҷустуҷӯӣ кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқи кишвар муайян намуданд, ки дар ин куштор сержанти милиса, корманди шӯъбаи умури дохилии ноҳияи Сино-1-Алиҷон Шокирови 22-сола даст дорад.

 




Он рӯзи шум, Шокиров ба маҳали кори дӯст ва ҳамхизматаш Одина Давлатов ба шӯъбаи «Ориёнбонк меояд. Баъди сӯҳбати начандон тӯлонӣ Шокиров аслиҳаи хидматии Давлатовро гирифта, тасодуфан аз он ба сӯи ҳамкораш тир андохта, аз маҳали ҳодиса фирор мекунад.



Ба иттилои Вазорати умури дохилии кишвар, нисбати фарди гумонбар мутобиқи моддаи 108-и Кодекси ҷиноии ҷумҳурӣ (аз беэҳтиётӣ расонидан ба марг) парвандаи ҷиноӣ боз гардида, тафтишот идома дорад.



Хотиррасон мекунем, сержанти бахши хадамоти давлатии посдории шӯъбаи умури дохилии ноҳияи Сино-1-и шаҳри Душанбе – Одина Давлатови 32-сола, субҳи рӯзи 19-уми октябр ҳадафаи тир қарор гирифта, ба ҳалокат расид. Корманди милитсия бахши дар кӯчаи Маяковский будаи «Ориёнбонк»-ро посбонӣ мекард. Ҷиҳати анҷоми тафтишоти ҳодисаи куштори корманди мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, аз ҳисоби беҳтарин кормандони Раёсати кофтукови ҷиноӣ ва Раёсати мубориза алайҳи ҷинояткории муташаккили вазорати умури дохилӣ гурӯҳи фаврӣ-тафтишотӣ ташкил гардидааст, ки онро муовини вазири умури дохилӣ Шариф Назаров раҳбарӣ мекунад.


Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Дар кӯдакистонҳо бояд кадом тадбирҳои бехатарӣ риоя шаванд?

Баъди нашри навори задани як кӯдак аз сӯи муррабие дар яке аз кӯдакистонҳои пойтахт, баҳси бехатарии тифлон дар муассисаҳои томактабӣ дубора доғ шуд.

Аз қатли Қобилҷон 5 моҳ гузашт. Модараш бори аввал дар бораи фарзандаш, рӯзи ҳодиса, рафти тафтишот ва зиндагии имрӯзааш суҳбат кард

“Азия-Плюс” ба суроғи Нилуфар Сафоева рафт ва бори аввал дар бораи фоҷеае, ки сари ӯву писараш омад, гуфтугӯ кард.

Чаро ҷаҳон ба захираҳои маъдании Тоҷикистон таваҷҷуҳ надорад?

Тоҷикистон воқеан дорои захираҳои назарраси фулузоти нодир аст, вале он тасдиқ нашудааст.

Интиқоли беш аз 250 ҳазор сомонӣ ба суратҳисоби қаллобон дар як моҳ

Созмони Байналмилалии Муҳоҷират аз афзоиши қаллобони маҷозӣ ҳушдор медиҳад.

Ҳавошиносон сокинони Тоҷикистонро аз боришоту обхезӣ ва гарду ғубор ҳушдор доданд

Оҷонсии ҳавошиносии Тоҷикистон сокинони кишварро аз боришот, омадани сел...

Дар бозорҳои Хатлон нархи семент гарон шудааст. Далели он чист?

Арзиши семент дар як ҳафтаи охир то 20 сомонӣ қимат шудааст.

Тими миллии наврасони Тоҷикистон бо Ҷоми Осиё худоҳофизӣ кард, вале ба Ҷоми ҷаҳон меравад

Наврасони тоҷик баъди шикасти бузург аз ҳамсолони худ аз Ҷопон ба Душанбе бармегарданд.

Вазорати корҳои хориҷии Амрико гуфт, Исроил ва Лубнон ба тамдиди оташбас мувофиқат карданд

Бо ин вуҷуд, ду тараф ҳамвора якдигарро ба нақзи оташбас муттаҳам мекунанд.

Агентии инноватсия: интиқоли пули шаҳрвандон тавассути ҳамёнҳои элекронӣ андозбандӣ намешавад

Дар ин ниҳод шарҳ доданд, ки лоиҳаи санҷишӣ ба ошкор кардани ҳолатҳои доимии фаъолияти соҳибкорие, ки ба қайд гирифта нашудааст, равона гардидааст.