Ш.Саид: Дар масъалаи узвият ба СҶТ мо дастгирии Туркияро интизорем

Душанбе. 29-уми октябр. ОИ «Азия-Плюс» – Дар мулоқоти раиси Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон Шариф Саид ва менеҷери кулли ҶДММ «Намоишгоҳҳои байнулмилалӣ»-и Туркия Маҳмуд Эр зикр гардид, ки ин ширкат ба сармоягузорӣ дар бахшҳои гуногуни иқтисоди Тоҷикистон манфиатдор аст. Тавре аз хадамоти матбуоти палата ба ОИ «Азия-Плюс» хабар доданд, ин ширкат беш аз 10 сол […]

Фирдавс Муртазоев


Душанбе. 29-уми октябр. ОИ «Азия-Плюс» – Дар мулоқоти раиси Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон Шариф Саид ва менеҷери кулли ҶДММ «Намоишгоҳҳои байнулмилалӣ»-и Туркия Маҳмуд Эр зикр гардид, ки ин ширкат ба сармоягузорӣ дар бахшҳои гуногуни иқтисоди Тоҷикистон манфиатдор аст.




Тавре аз хадамоти матбуоти палата ба ОИ «Азия-Плюс» хабар доданд, ин ширкат беш аз 10 сол аст, ки дар кишварҳои гуногун, аз ҷумла Аморати Муттаҳидаи Араб, Қазоқистон ва ғайра намоишгоҳҳои байнулмилалӣ созмон дода, дар бахши сохтмони кишвари ҳамсояи Қирғизистон сармоягузорӣ мекунад.



Бино ба иттилои манбаъ, Маҳмуд Эр изҳор доштааст, ки барои роҳандозии фаъолияти густардаи ширкатҳои туркӣ дар Тоҷикистон лозим аст, баъзе мушкилоти ҷудогонаи гумрукӣ ва андозбандӣ ҳал гардида, шумораи парвозҳо ба хатсайри миёни кишварҳо зиёд карда шавад.



Дар мулоқот ҳамчунин атрофи масоили имконоти тайёр кардани мутахассисони тоҷик дар Туркия барои соҳаҳои тиҷорат, соҳибкории хурду миёна ва бонк табодули назар карда шуд. Ш.Саид зикр кардааст, ки тоҷирони тоҷик мехоҳанд бо таҷрибаи кори минтақаҳои озоди иқтисодии Туркия аз наздик ошно гарданд. «Дар масъалаи узвият ба Созмони ҷаҳонии тиҷорат (СҶТ) мо дастгирии Туркияро интизорем», – изҳор доштааст Ш.Саид.



Ба иттилои сарчашма, бо назардошти фаъолияти ширкат, Ш.Саид пешниҳод сохтааст, ки соли 2009 дар шаҳри Душанбе намоишгоҳи молу маҳсулоти Туркия ва Ҳамоиши тиҷоратии соҳибкорони ҳарду кишвар ташкил карда шавад.


Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Аз қатли Қобилҷон 5 моҳ гузашт. Модараш бори аввал дар бораи фарзандаш, рӯзи ҳодиса, рафти тафтишот ва зиндагии имрӯзааш суҳбат кард

“Азия-Плюс” ба суроғи Нилуфар Сафоева рафт ва бори аввал бо дар бораи фаҷеае, ки сари ӯву писараш омад, гуфтугӯ кард.

Чаро ҷаҳон ба захираҳои маъдании Тоҷикистон таваҷҷуҳ надорад?

Тоҷикистон воқеан дорои захираҳои назарраси фулузоти нодир аст, вале он тасдиқ нашудааст.

Интиқоли беш аз 250 ҳазор сомонӣ ба суратҳисоби қаллобон дар як моҳ

Созмони Байналмилалии Муҳоҷират аз афзоиши қаллобони маҷозӣ ҳушдор медиҳад.

Ҳавошиносон сокинони Тоҷикистонро аз боришоту обхезӣ ва гарду ғубор ҳушдор доданд

Оҷонсии ҳавошиносии Тоҷикистон сокинони кишварро аз боришот, омадани сел...

Дар бозорҳои Хатлон нархи семент гарон шудааст. Далели он чист?

Арзиши семент дар як ҳафтаи охир то 20 сомонӣ қимат шудааст.

Тими миллии наврасони Тоҷикистон бо Ҷоми Осиё худоҳофизӣ кард, вале ба Ҷоми ҷаҳон меравад

Наврасони тоҷик баъди шикасти бузург аз ҳамсолони худ аз Ҷопон ба Душанбе бармегарданд.

Вазорати корҳои хориҷии Амрико гуфт, Исроил ва Лубнон ба тамдиди оташбас мувофиқат карданд

Бо ин вуҷуд, ду тараф ҳамвора якдигарро ба нақзи оташбас муттаҳам мекунанд.

Агентии инноватсия: интиқоли пули шаҳрвандон тавассути ҳамёнҳои элекронӣ андозбандӣ намешавад

Дар ин ниҳод шарҳ доданд, ки лоиҳаи санҷишӣ ба ошкор кардани ҳолатҳои доимии фаъолияти соҳибкорие, ки ба қайд гирифта нашудааст, равона гардидааст.