Душанбе. 31-уми октябр – Дар нишасти матбуотии Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон Ҳамроҳхон Зарифӣ, роҳбари идораи сиёсати хориҷии кишвар, иброз дошт, ки вохӯрии сарони кишварҳои узви Созмони ҳамкории Шанхай, ки дар Душанбе дар сатҳи хеле баланд доир гардид, обрӯ ва нуфузи Тоҷикистонро дар миқёси байналмилалӣ боз ҳам баланд бардошт.
Вазир аз густариши робитаҳо бо Федератсияи Русия, Ҷумҳурии Мардумии Чин, Ҷумҳурии Исломии Эрон, ҷумҳуриҳои Қазоқистон, Қирғизистон, Озарбойҷон, Ӯзбекистон, Туркманистон, Афғонистон ва соири кишварҳои хориҷии дур изҳори қаноатмандӣ кард.
-Ҳамкориҳо бо кишварҳои хориҷии дур, – афзуд Ҳ. Зарифӣ, – бо ифтитоҳи сафоратхонаҳои нав вусъати тоза мегиранд. Масалан, ба наздикӣ дар Фаронса сафорати Тоҷикистон ифтитоҳ меёбад. Мо дар масъалаи тайёр кардани кадрҳои варзидаи дипломатӣ то ба имрӯз ба як қатор мушкилот рӯ ба рӯ мешудем. Хушбахтона, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дархости Вазорати корҳои хориҷӣ масъалаи
соли оянда дар Душанбе кушодани Донишкадаи дипломатиро маъқул донист.
Дар посух ба суоли вобаста ба вазъи дохилии
Афғонистон Ҳамроҳхон Зарифӣ чунин посух дод: «Вазъи дохилии Афғонистон имрӯзҳо дар маркази диққати ҷомеаи ҷаҳонӣ қарор дорад. Оид ба ин масъала вазирони корҳои хориҷии давлатҳои Осиёи Марказӣ дар Париж мулоқоти судманд доштанд. Конфронси байналмилалии Иттиҳоди Аврупо ва як қатор кишварҳои ҳамкор ва ҳамсоя оид ба тақвияти сарҳад ва пурзӯр намудани мубориза бар зидди маводи мухаддир, ки дар Душанбе 21 октябр, бо иштироки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон барпо гардид, давоми мантиқии ҳамон мулоқот буд. Моҳи декабр боз дар Париж вазирони корҳои хориҷии минтақа ин масъаларо мавриди баррасӣ қарор медиҳанд». Дар ин бора сомонаи рӯзномаи «Ҷумҳурият» хабар медиҳад.


