Дар Тоҷикистон Донишкадаи дипломатӣ кушода мешавад

             Душанбе. 31-уми октябр – Дар нишасти матбуотии Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон Ҳамроҳхон Зарифӣ, роҳбари идораи сиёсати хориҷии кишвар, иброз дошт, ки вохӯрии сарони кишварҳои узви Созмони ҳамкории Шанхай, ки дар Душанбе дар сатҳи хеле баланд доир гардид, обрӯ ва нуфузи Тоҷикистонро дар миқёси байналмилалӣ боз ҳам баланд бардошт. Вазир аз густариши робитаҳо бо Федератсияи […]

root




            



Душанбе. 31-уми октябр – Дар нишасти матбуотии Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон Ҳамроҳхон Зарифӣ, роҳбари идораи сиёсати хориҷии кишвар, иброз дошт, ки вохӯрии сарони кишварҳои узви Созмони ҳамкории Шанхай, ки дар Душанбе дар сатҳи хеле баланд доир гардид, обрӯ ва нуфузи Тоҷикистонро дар миқёси байналмилалӣ боз ҳам баланд бардошт.



Вазир аз густариши робитаҳо бо Федератсияи Русия, Ҷумҳурии Мардумии Чин, Ҷумҳурии Исломии Эрон, ҷумҳуриҳои Қазоқистон, Қирғизистон, Озарбойҷон, Ӯзбекистон, Туркманистон, Афғонистон ва соири кишварҳои хориҷии дур изҳори қаноатмандӣ кард.



-Ҳамкориҳо бо кишварҳои хориҷии дур, – афзуд Ҳ. Зарифӣ, – бо ифтитоҳи сафоратхонаҳои нав вусъати тоза мегиранд. Масалан, ба наздикӣ дар Фаронса сафорати Тоҷикистон ифтитоҳ меёбад. Мо дар масъалаи тайёр кардани кадрҳои варзидаи дипломатӣ то ба имрӯз ба як қатор мушкилот рӯ ба рӯ мешудем. Хушбахтона, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дархости Вазорати корҳои хориҷӣ масъалаи

 

соли оянда дар Душанбе кушодани Донишкадаи дипломатиро маъқул донист.



Дар посух ба суоли вобаста ба вазъи дохилии

 

Афғонистон Ҳамроҳхон Зарифӣ чунин посух дод: «Вазъи дохилии Афғонистон имрӯзҳо дар маркази диққати ҷомеаи ҷаҳонӣ қарор дорад. Оид ба ин масъала вазирони корҳои хориҷии давлатҳои Осиёи Марказӣ дар Париж мулоқоти судманд доштанд. Конфронси байналмилалии Иттиҳоди Аврупо ва як қатор кишварҳои ҳамкор ва ҳамсоя оид ба тақвияти сарҳад ва пурзӯр намудани мубориза бар зидди маводи мухаддир, ки дар Душанбе 21 октябр, бо иштироки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон барпо гардид, давоми мантиқии ҳамон мулоқот буд. Моҳи декабр боз дар Париж вазирони корҳои хориҷии минтақа ин масъаларо мавриди баррасӣ қарор медиҳанд». Дар ин бора сомонаи рӯзномаи «Ҷумҳурият» хабар медиҳад.


 

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Ҳавошиносон сокинони Тоҷикистонро аз боришоту обхезӣ ва гарду ғубор ҳушдор доданд

Оҷонсии ҳавошиносии Тоҷикистон сокинони кишварро аз боришот, омадани сел ва гарду ғубор дар рӯзҳои 18-20-уми май ҳушдор додааст. Ин ниҳод дар хабарномае гуфт, дар...

Дар бозорҳои Хатлон нархи семент гарон шудааст. Далели он чист?

Арзиши семент дар як ҳафтаи охир то 20 сомонӣ қимат шудааст.

Тими миллии наврасони Тоҷикистон бо Ҷоми Осиё худоҳофизӣ кард, вале ба Ҷоми ҷаҳон меравад

Наврасони тоҷик баъди шикасти бузург аз ҳамсолони худ аз Ҷопон ба Душанбе бармегарданд.

Вазорати корҳои хориҷии Амрико гуфт, Исроил ва Лубнон ба тамдиди оташбас мувофиқат карданд

Бо ин вуҷуд, ду тараф ҳамвора якдигарро ба нақзи оташбас муттаҳам мекунанд.

Агентии инноватсия: интиқоли пули шаҳрвандон тавассути ҳамёнҳои элекронӣ андозбандӣ намешавад

Дар ин ниҳод шарҳ доданд, ки лоиҳаи санҷишӣ ба ошкор кардани ҳолатҳои доимии фаъолияти соҳибкорие, ки ба қайд гирифта нашудааст, равона гардидааст.

Шоҳномахони дуюнимсола. Чӣ гуна Ҳанифаи хурдсол “Шоҳнома” азёд мекунад?

Ҳамасола 15-уми май ҳамчун Рӯзи бузургдошти Абулқосим Фирдавсӣ, шоири бузурги тоҷику форс ва муаллифи асари нодири ҳамосӣ – "Шоҳнома" таҷлил мешавад.

Як донишҷӯйро барои паҳни адабиёти динӣ наздики 5,5 ҳазор сомонӣ ҷарима кардаанд

Ин ҷавон аз Шаҳритӯс маводҳои диниро бидуни гирифтани хулосаи ташхиси давлатии диншиносӣ паҳн кардааст.

Дар Тоҷикистон хамираҳои дандоншӯии қалбакии “SPLAT” ошкор шудааст. “Тоҷикстандарт” ҳушдор медиҳад

Бо тавсияҳои ин ниҳод ва намунаҳои қалбакии ин хамираҳо дар ин хабари мо шинос шавед.