Душанбе. 1-уми ноябр. ОИ «Азия-Плюс» – Дар вохӯрӣ бо рӯзноманигорон муовини раиси шаҳри Душанбе Ҷамшед Мансуров изҳор дошт, ки системаи гармидиҳии макотиб ва кӯдакистонҳои пойтахт пурра аз таъмир бароварда шуда, ба мавсими зимистон омодаанд.
Дар ҳамин ҳол, ӯ зикр кард, ки на ҳамаи муассисот бо системаи марказии гармидиҳӣ пайваст карда шудаанд. «Раҳбарияти шаҳр супориш дод, ки чунин муассисот барои гарм нигоҳ доштани биноҳои мактабу кӯдакистонҳо бухориҳои барқӣ харида, чораҳои дигари иловагӣ низ андешанд», – гуфт ӯ.
Мувофиқи маълумоти ҳукумати пойтахт, феълан дар шаҳри Душанбе 101 мактаби таҳсилоти умумӣ ва 82 кӯдакистон амал мекунад. Ёдовар мешавем, ки мавсими гармидиҳӣ дар пойтахт аз ҳамин рӯз оғоз мегардад.


