Мактаб ва кӯдакистонҳои шаҳри Душанбе ба мавсими зимистон омодаанд

                Душанбе. 1-уми ноябр. ОИ «Азия-Плюс» – Дар вохӯрӣ бо рӯзноманигорон муовини раиси шаҳри Душанбе Ҷамшед Мансуров изҳор дошт, ки системаи гармидиҳии макотиб ва кӯдакистонҳои пойтахт пурра аз таъмир бароварда шуда, ба мавсими зимистон омодаанд.             Дар ҳамин ҳол, ӯ зикр кард, ки на ҳамаи муассисот бо системаи марказии гармидиҳӣ пайваст карда шудаанд. «Раҳбарияти […]

Пайрав Чоршанбиев




          





    

Душанбе. 1-уми ноябр. ОИ «Азия-Плюс» – Дар вохӯрӣ бо рӯзноманигорон муовини раиси шаҳри Душанбе Ҷамшед Мансуров изҳор дошт, ки системаи гармидиҳии макотиб ва кӯдакистонҳои пойтахт пурра аз таъмир бароварда шуда, ба мавсими зимистон омодаанд.





           

Дар ҳамин ҳол, ӯ зикр кард, ки на ҳамаи муассисот бо системаи марказии гармидиҳӣ пайваст карда шудаанд. «Раҳбарияти шаҳр супориш дод, ки чунин муассисот барои гарм нигоҳ доштани биноҳои мактабу кӯдакистонҳо бухориҳои барқӣ харида, чораҳои дигари иловагӣ низ андешанд», – гуфт ӯ.




           

Мувофиқи маълумоти ҳукумати пойтахт, феълан дар шаҳри Душанбе 101 мактаби таҳсилоти умумӣ ва 82 кӯдакистон амал мекунад. Ёдовар мешавем, ки мавсими гармидиҳӣ дар пойтахт аз ҳамин рӯз оғоз мегардад.


Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Шикоят аз шиканҷа, фавт дар зиндон ва савдои одамон. Намояндагони мақомоти Тоҷикистон дар нишасти Женева чӣ гуфтанд?

Давоми солҳои 2018-2025 дар Тоҷикистон 105 муроҷиат аз шиканҷа сабт шуда, 14 парвандаи ҷиноӣ боз ва нисбати 13 нафар то 21 сол ҷазои зиндон...

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.

Идомаи “шикор”-и таксиҳои “10 сомонӣ”. Мақомот беш аз 40 ронандаро ҷарима кардаанд

БДА гуфтааст, ки минбаъд низ фаъолияти таксиҳои "10 сомонӣ"-ро боздоштаву ҷарима мекунанд.

Задухӯрд дар марз бо Афғонистон. КДАМ аз кушта шудани ду “қочоқбар” ва фирори як тани дигар хабар дод

Нерӯҳои марзбонии кишвар мегӯяд, ҳоло вазъ дар сарҳад ором буда, таҳти назорат аст.