Дар ҷумҳурӣ кишти тирамоҳии зироатҳои кишоварзӣ босуръат идома дорад

Date:




 


         


  




Душанбе. 3-юми ноябр. ОИ «Азия-Плюс» –


Дар хоҷагиҳои кишоварзии ҷумҳурӣ кишти тирамоҳии зироатҳои кишоварзӣ босуръат идома дорад. Тибқи нақша, имсол бояд дар майдони 238 ҳазору


800 гектар


 

шудгори тирамоҳии заминҳои кишти ғалладона, картошка ва сабзавот гузаронида шавад.

 

То имрӯз дар ҷумҳурӣ

59226 гектар

шудгори тирамоҳӣ гузаронида шудааст, ки 24,8 фоизи нақшаро ташкил медиҳад.





   


      


  

Кишти тирамоҳии зироатҳои ғалладона имсол дар ҷумҳурӣ дар майдони 229 ҳазору

500 гектар

гузаронида мешавад. То имрӯз бошад, дар майдони

50856 гектар

гузаронида шудааст, ки 22,2 фоизи нақшаро ташкил медиҳад.

 

Инчунин дар майдони

50511 гектар

кишти тирамоҳии

 

гандум гузаронида шудааст.




         

Тибқи нақша дар ҷумҳурӣ дар

170 000 гектар

заминҳои обӣ кишти тирамоҳӣ гузаронида мешавад. То имрӯз дар майдони

50696 гектар

заминҳои обӣ кишти тирамоҳии картошка ва дигар сабзавотҳо гузаронида шудааст.

 





       


 

Дар вилояти Суғд кишти тирамоҳии зироатҳои ғалладона, махсусан гандум хуб ба роҳ монда шудааст. Дар вилоят то аввали моҳи ноябр дар майдони

29269 гектар

кишти тирамоҳии гандум гузаронида шудааст, ки 42,5 фоизи нақшаро ташкил медиҳад. Дар вилояти Хатлон низ

 

дар майдони

17146 гектар

кишти тирамоҳии гандум гузаронида шудааст.




          

Кишти тирамоҳии зироатҳои ғалладона, картошка ва сабзавот дар ҷумҳурӣ босуръат давом дорад. Дар ин бора аз маркази матбуот ва иттилооти Вазорати кишоварзии ҷумҳурӣ хабар доданд.


ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 15 феврали соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ – Имрӯз соати 11:00 дар Театри давлатии лӯхтаки...

Ҷинояткорӣ миёни ноболиғон афзудааст. Рамазон Раҳимзода онро “ташвишовар” хонд

Рамазон Раҳимзода, вазири корҳои дохилии Тоҷикистон рӯзи 12-уми феврал...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 14 феврали соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ – Имрӯз соати 15:00 Диловар Андалибов, овозхони ҷавони...

Додситони кул муноқишаи додситони Бӯстон ва ба таври мармуз аз вазифа озод шудани додситони пешини Хатлонро шарҳ дод

Додситони кулли Тоҷикистон тасдиқ кард, ки барканории Абдуқаҳҳор Азизов...