Дар ҷумҳурӣ кишти тирамоҳии зироатҳои кишоварзӣ босуръат идома дорад

               Душанбе. 3-юми ноябр. ОИ «Азия-Плюс» – Дар хоҷагиҳои кишоварзии ҷумҳурӣ кишти тирамоҳии зироатҳои кишоварзӣ босуръат идома дорад. Тибқи нақша, имсол бояд дар майдони 238 ҳазору 800 гектар   шудгори тирамоҳии заминҳои кишти ғалладона, картошка ва сабзавот гузаронида шавад.   То имрӯз дар ҷумҳурӣ 59226 гектар шудгори тирамоҳӣ гузаронида шудааст, ки 24,8 фоизи […]

root




 


         


  




Душанбе. 3-юми ноябр. ОИ «Азия-Плюс» –


Дар хоҷагиҳои кишоварзии ҷумҳурӣ кишти тирамоҳии зироатҳои кишоварзӣ босуръат идома дорад. Тибқи нақша, имсол бояд дар майдони 238 ҳазору


800 гектар


 

шудгори тирамоҳии заминҳои кишти ғалладона, картошка ва сабзавот гузаронида шавад.

 

То имрӯз дар ҷумҳурӣ

59226 гектар

шудгори тирамоҳӣ гузаронида шудааст, ки 24,8 фоизи нақшаро ташкил медиҳад.





   


      


  

Кишти тирамоҳии зироатҳои ғалладона имсол дар ҷумҳурӣ дар майдони 229 ҳазору

500 гектар

гузаронида мешавад. То имрӯз бошад, дар майдони

50856 гектар

гузаронида шудааст, ки 22,2 фоизи нақшаро ташкил медиҳад.

 

Инчунин дар майдони

50511 гектар

кишти тирамоҳии

 

гандум гузаронида шудааст.




         

Тибқи нақша дар ҷумҳурӣ дар

170 000 гектар

заминҳои обӣ кишти тирамоҳӣ гузаронида мешавад. То имрӯз дар майдони

50696 гектар

заминҳои обӣ кишти тирамоҳии картошка ва дигар сабзавотҳо гузаронида шудааст.

 





       


 

Дар вилояти Суғд кишти тирамоҳии зироатҳои ғалладона, махсусан гандум хуб ба роҳ монда шудааст. Дар вилоят то аввали моҳи ноябр дар майдони

29269 гектар

кишти тирамоҳии гандум гузаронида шудааст, ки 42,5 фоизи нақшаро ташкил медиҳад. Дар вилояти Хатлон низ

 

дар майдони

17146 гектар

кишти тирамоҳии гандум гузаронида шудааст.




          

Кишти тирамоҳии зироатҳои ғалладона, картошка ва сабзавот дар ҷумҳурӣ босуръат давом дорад. Дар ин бора аз маркази матбуот ва иттилооти Вазорати кишоварзии ҷумҳурӣ хабар доданд.


Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 19 апрели соли 2026

Аз зодрӯзи Зайнулобиддин Кобуливу Шокирҷон Ҳакимов то даргузашти Ғуломҳайдар Ғуломалиев ва Рӯзи гули бойчечак

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.