Душанбе. 3-юми ноябр. ОИ «Азия-Плюс» – Намояндагони аҳзоби сиёсӣ ва васоити ахбори оммаи Тоҷикистон бо ҷараёни ҳисоби овозҳо дар интихоботи президенти Иёлоти Муттаҳидаи Амрико тавассути монитиорҳои насбшуда дар намояндагии дипломатии ин кишвар дар ҷумҳурӣ мушоҳида хоҳанд кард.
Тавре аз сафорати Амрико дар Тоҷикистон ба ОИ «Азия-Плюс» хабар доданд, рӯзи 5-уми ноябр аз соати 8 то 11-и вақти маҳаллӣ сиёсатмадорон ва рӯзноманигорони даъватшуда метавонанд дар ин ҷо аз ҷараёни ҳисоби овозҳо мушоҳида карда, роҷеъ ба натиҷаҳои интихобот маълумоти пешакӣ дастрас кунанд.
«Барои назорати интихоботи президентӣ бевосита дар Амрико ба сифати нозир аз Тоҷикистон касе даъват нашудааст», – изҳор дошт манбаъ.
Ёдрас мекунем, ки интихоботи президентӣ дар Амрико фардо, 4-уми ноябр доир мегардад ва аз ҳизби ҷумҳуриявӣ сенатор Ҷон Маккейн ва аз ҳизби демократ сенатор Барак Обама номзад мебошанд.


