Сохторҳои Бунёди рушди Оғохон дар корҳои бозсозии низоми обтаъминкунии Душанбе саҳм хоҳанд гирифт

            Душанбе. 3-юми ноябр. ОИ «Азия-Плюс» – Рӯзи шанбеи ҳафтаи гузашта дар мулоқоти раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии ҶТ (ММ МО ҶТ) Маҳмадсаид Убайдуллоев бо Волоҳазрат Оғохони IV , Имоми мусулмонони шиаи Исмоилӣ ва поягузору Сарвари Бунёди рушди Оғохон (АКДН) вазъ ва дурнамои ҳамкории тарафайни ҷумҳурӣ бо сохторҳои Бунёди рушди Оғохон мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. […]

Баҳром Маннонов



           

Душанбе. 3-юми ноябр. ОИ «Азия-Плюс» – Рӯзи шанбеи ҳафтаи гузашта дар мулоқоти раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии ҶТ (ММ МО ҶТ) Маҳмадсаид Убайдуллоев бо Волоҳазрат Оғохони


IV


, Имоми мусулмонони шиаи Исмоилӣ ва поягузору Сарвари Бунёди рушди Оғохон (АКДН) вазъ ва дурнамои ҳамкории тарафайни ҷумҳурӣ бо сохторҳои Бунёди рушди Оғохон мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.





           

Тавре ёвари раиси ММ МО ҶТ оид ба робита бо ВАО ва созмонҳои ғайриҳукуматӣ Шавкат Саидов ба ОИ «Азия-Плюс» хабар дод, ҷонибҳо таъкид сохтанд, ки сатҳи ҳамкории мутақобилаи имрӯза барои омӯзиши имконоти роҳандозии ҳамкории оянда баҳри рушди иқтисоди ҷумҳурӣ ва баланд бардоштани сатҳи некӯаҳволии аҳолӣ шароити мусоид фароҳам сохтааст.




           

Зикр гардид, ки феълан саҳми ширкатҳои Бунёди рушди Оғохон дар сохтмони иншооти гуногуни ҷумҳурӣ назаррас аст. Оғохони


IV


аз пешниҳоди М.Убайдуллоев роҷеъ ба иштироки сохторҳои Бунёди рушди Оғохон дар ифтитоҳи макотиби тарзи ҷадиди омӯзиш ва татбиқи барномаҳои таъмиру бозсозии роҳҳои мошингард, низоми обтаъминкунии пойтахт ва беҳсозии вазъи санитарии шаҳр пуштибонӣ намуд.


Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Чаро ҷаҳон ба захираҳои маъдании Тоҷикистон таваҷҷуҳ надорад?

Тоҷикистон воқеан дорои захираҳои назарраси фулузоти нодир аст, вале он тасдиқ нашудааст.

Интиқоли беш аз 250 ҳазор сомонӣ ба суратҳисоби қаллобон дар як моҳ

Созмони Байналмилалии Муҳоҷират аз афзоиши қаллобони маҷозӣ ҳушдор медиҳад.

Ҳавошиносон сокинони Тоҷикистонро аз боришоту обхезӣ ва гарду ғубор ҳушдор доданд

Оҷонсии ҳавошиносии Тоҷикистон сокинони кишварро аз боришот, омадани сел...

Дар бозорҳои Хатлон нархи семент гарон шудааст. Далели он чист?

Арзиши семент дар як ҳафтаи охир то 20 сомонӣ қимат шудааст.

Тими миллии наврасони Тоҷикистон бо Ҷоми Осиё худоҳофизӣ кард, вале ба Ҷоми ҷаҳон меравад

Наврасони тоҷик баъди шикасти бузург аз ҳамсолони худ аз Ҷопон ба Душанбе бармегарданд.

Вазорати корҳои хориҷии Амрико гуфт, Исроил ва Лубнон ба тамдиди оташбас мувофиқат карданд

Бо ин вуҷуд, ду тараф ҳамвора якдигарро ба нақзи оташбас муттаҳам мекунанд.

Агентии инноватсия: интиқоли пули шаҳрвандон тавассути ҳамёнҳои элекронӣ андозбандӣ намешавад

Дар ин ниҳод шарҳ доданд, ки лоиҳаи санҷишӣ ба ошкор кардани ҳолатҳои доимии фаъолияти соҳибкорие, ки ба қайд гирифта нашудааст, равона гардидааст.

Шоҳномахони дуюнимсола. Чӣ гуна Ҳанифаи хурдсол “Шоҳнома” азёд мекунад?

Ҳамасола 15-уми май ҳамчун Рӯзи бузургдошти Абулқосим Фирдавсӣ, шоири бузурги тоҷику форс ва муаллифи асари нодири ҳамосӣ – "Шоҳнома" таҷлил мешавад.