Дар ду рӯз ба ҷумҳурӣ тақрибан 16 млн. кВт/соат барқи Туркманистон интиқол гардид

Душанбе. 3-юми ноябр. ОИ «Азия-Плюс» – Дар ду рӯзи ахир ба ҷумҳурӣ тақрибан 16 млн. кВт/соат барқи Туркманистон интиқол гардид. Қобили зикр аст, ки интиқоли нерӯи барқи Туркманистон ба кишвари мо тавассути низоми энергетикии Ӯзбекистон аз 1-уми ноябр шурӯъ шуд. Тавре аз ширкати «Барқи тоҷик» ба ОИ «Азия-Плюс» хабар доданд, аз 1-уми ноябр то 31-уми […]

Виктория Наумова


Душанбе. 3-юми ноябр. ОИ «Азия-Плюс» – Дар ду рӯзи ахир ба ҷумҳурӣ тақрибан 16 млн. кВт/соат барқи Туркманистон интиқол гардид. Қобили зикр аст, ки интиқоли нерӯи барқи Туркманистон ба кишвари мо тавассути низоми энергетикии Ӯзбекистон аз 1-уми ноябр шурӯъ шуд.




Тавре аз ширкати «Барқи тоҷик» ба ОИ «Азия-Плюс» хабар доданд, аз 1-уми ноябр то 31-уми декабри соли ҷорӣ бо арзиши 3 сент барои 1кВт/соат ба Тоҷикистон 400 млн.кВт/соат нерӯи барқи Туркманистон интиқол дода мешавад ва интиқоли ҳаҷми боқимонда соли оянда амалӣ мегардад. Тибқи созишномаи соли 2007 миёни Туркманистону Тоҷикистон,

 

кишвари ҳамсоя бояд то соли 2012 ба Тоҷикистон ҳамасола дар давраи тирамоҳу зимистон дар ҳаҷми 1,2 млрд. кВт/соат нерӯи барқ интиқол диҳад.



Ёдрас мекунем, ки дар нишастҳои ИДМ ва ЕврАзЭС дар Бишкек сарони давлатҳои Тоҷикистону Ӯзбекистон ҷиҳати интиқоли нерӯи барқи Туркманистон ба кишвари мо тариқи шабакаҳои барқи Ӯзбекистон мувофиқа ҳосил карданд. 18-уми октяр дар мулоқоти Алмаато дар ин хусус тавофуқи ниҳоӣ ҳосил гардид. Барои транзити интиқоли нерӯи барқ ба ҷониби Ӯзбекистон 0,3 сент маблағ пардохт мегардад.



Дар бораи вазъи обанбори нерӯгоҳи «Норак» манбаъ изҳор дошт, ки то интиқоли барқи Туркманистон ҳамарӯза 34-35 сантиметри об барои истеҳсоли барқ истифода мешуд. «Пас аз оғози интиқоли барқ аз кишвари ҳамсоя он то ба


17 сантиметр

поин рафт», – зикр карданд дар ширкат. Тибқи маълумоти ширкат, феълан ҳаҷми воридшавии об ба обанбор 235-240 метри мукааб дар як сонияро ташкил медиҳад. Қобил ба ёдоварист, ки қаблан энергетикҳои ҷумҳурӣ иттилоъ дода буданд, ки сатҳи об дар обанбор аз мизони зарурӣ

8 метр

поинтар аст. Зикр гардид, ки ҳамарӯза дар Тоҷикистон тақрибан 30 млн. кВт/соат нерӯи барқ истеҳсол карда мешавад.


Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.