Иқтисодчиёни ИДМ дар Екатеринбург сабаб, хавфҳои глобалӣ ва оқибатҳои бӯҳрони молиявии ҷаҳонро муҳокима хоҳанд кард

            Душанбе. 3-юми ноябр. ОИ «Азия-Плюс» – Дар ҷаласаи маҳфили иқтисодии Авруосиё, ки ахири моҳи ҷорӣ дар шаҳри Екатеринбурги Русия баргузор мешавад, иқтисодчиёни кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (ИДМ) сабаб, хавфҳои глобалӣ ва оқибатҳои бӯҳрони моливии ҷаҳонро муҳокима хоҳанд кард.             Тавре аз Вазорати рушди иқтисод ва савдои ҷумҳурӣ ба ОИ «Азия-Плюс» хабар доданд, дар […]

Пайрав Чоршанбиев



           

Душанбе. 3-юми ноябр. ОИ «Азия-Плюс» – Дар ҷаласаи маҳфили иқтисодии Авруосиё, ки ахири моҳи ҷорӣ дар шаҳри Екатеринбурги Русия баргузор мешавад, иқтисодчиёни кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (ИДМ) сабаб, хавфҳои глобалӣ ва оқибатҳои бӯҳрони моливии ҷаҳонро муҳокима хоҳанд кард.





           

Тавре аз Вазорати рушди иқтисод ва савдои ҷумҳурӣ ба ОИ «Азия-Плюс» хабар доданд, дар қатори иқтисодчиёни шинохта аз Русия, Озарбойҷон, Арманистон, Қазоқистон, Қирғизистон ва Украина дар ҷаласаи мазкур иштироки ҳайати Тоҷикистон низ дар назар аст.




           

Бино ба иттилои манбаъ, дар ҷаласа ҳамчунин баррасии масъалаи таъсиси мукофотпулии маҳфил ба маблағи 10 ҳазор доллари ИМА барои 2 олими беҳтарин низ ба нақша гирифта шудааст.




           

Ёдовар мешавем, ки маҳфили иқтисодии олимони Авруосиё бо ташаббуси президенти Қазоқистон баҳори соли 2008 таъсис ёфтааст. Беш аз 20 пажӯҳишгоҳи илмӣ ва макотиби олии кишварҳои узви ИДМ муассисони маҳфил мебошанд.


Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Чаро ҷаҳон ба захираҳои маъдании Тоҷикистон таваҷҷуҳ надорад?

Тоҷикистон воқеан дорои захираҳои назарраси фулузоти нодир аст, вале он тасдиқ нашудааст.

Интиқоли беш аз 250 ҳазор сомонӣ ба суратҳисоби қаллобон дар як моҳ

Созмони Байналмилалии Муҳоҷират аз афзоиши қаллобони маҷозӣ ҳушдор медиҳад.

Ҳавошиносон сокинони Тоҷикистонро аз боришоту обхезӣ ва гарду ғубор ҳушдор доданд

Оҷонсии ҳавошиносии Тоҷикистон сокинони кишварро аз боришот, омадани сел...

Дар бозорҳои Хатлон нархи семент гарон шудааст. Далели он чист?

Арзиши семент дар як ҳафтаи охир то 20 сомонӣ қимат шудааст.

Тими миллии наврасони Тоҷикистон бо Ҷоми Осиё худоҳофизӣ кард, вале ба Ҷоми ҷаҳон меравад

Наврасони тоҷик баъди шикасти бузург аз ҳамсолони худ аз Ҷопон ба Душанбе бармегарданд.

Вазорати корҳои хориҷии Амрико гуфт, Исроил ва Лубнон ба тамдиди оташбас мувофиқат карданд

Бо ин вуҷуд, ду тараф ҳамвора якдигарро ба нақзи оташбас муттаҳам мекунанд.

Агентии инноватсия: интиқоли пули шаҳрвандон тавассути ҳамёнҳои элекронӣ андозбандӣ намешавад

Дар ин ниҳод шарҳ доданд, ки лоиҳаи санҷишӣ ба ошкор кардани ҳолатҳои доимии фаъолияти соҳибкорие, ки ба қайд гирифта нашудааст, равона гардидааст.

Шоҳномахони дуюнимсола. Чӣ гуна Ҳанифаи хурдсол “Шоҳнома” азёд мекунад?

Ҳамасола 15-уми май ҳамчун Рӯзи бузургдошти Абулқосим Фирдавсӣ, шоири бузурги тоҷику форс ва муаллифи асари нодири ҳамосӣ – "Шоҳнома" таҷлил мешавад.