СММ масъалаи ба Хазинаи байнулмилалии наҷоти баҳри Арал додани мақоми нозирро баррасӣ мекунад

            Душанбе. 3-юми ноябр. ОИ «Азия-Плюс» – Рӯзи шанбеи ҳафтаи гузашта Маҷмаъи кулли Созмони Милали Муттаҳид (СММ) масъалаи ба Хазинаи байнулмилалии наҷоти баҳри Арал додани мақоми нозирро ба рӯзнома ворид сохт. Чунин ташаббусро намояндагиҳои доимии кишварҳои Тоҷикистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Туркманистон ва Ӯзбекистон дар СММ пешниҳод карданд.             Тавре аз Вазорати умури хориҷии ҷумҳурӣ ба ОИ […]

Аваз Юлдошев



           

Душанбе. 3-юми ноябр. ОИ «Азия-Плюс» – Рӯзи шанбеи ҳафтаи гузашта Маҷмаъи кулли Созмони Милали Муттаҳид (СММ) масъалаи ба Хазинаи байнулмилалии наҷоти баҳри Арал додани мақоми нозирро ба рӯзнома ворид сохт. Чунин ташаббусро намояндагиҳои доимии кишварҳои Тоҷикистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Туркманистон ва Ӯзбекистон дар СММ пешниҳод карданд.





           

Тавре аз Вазорати умури хориҷии ҷумҳурӣ ба ОИ «Азия-Плюс» хабар доданд, сарони минтақаи Осиёи Марказӣ ба хубӣ дарк мекунанд, ки роҳи ягонаи раҳоӣ аз бӯҳрон таҳкими ҳамкориҳо аст. Ҳанӯз бо ин мақсад 26-уми марти соли 1993 ин кишварҳо Хазинаи байнулмилалии наҷоти баҳри Аралро таъсис дода буданд.




           

Намояндаи вазорат таъкид сохт, ки соли 2002 сарони кишварҳои минтақаи Осиёи Марказӣ пешниҳод карда буданд, ки ба Хазина мақоми яке аз ниҳодҳои СММ дода шавад ва ин нуктаро минбаъд борҳо дар маърӯзаҳояшон зикр карда буданд. Президенти Қазоқистон дар Маҷмаъи кулли 62-уми СММ пешниҳод сохт, ки ба Хазина мақоми яке аз муассисаҳои низоми СММ дода шавад. Президенти Тоҷикистон моҳи декабри соли гузашта дар нишасти кишварҳои минтақаи Осиё ва Уқёнуси Ором оид ба масоили об қабули чунин қарорро аз ҷониби СММ заруру муҳим арзёбӣ карда буд.


Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Чаро ҷаҳон ба захираҳои маъдании Тоҷикистон таваҷҷуҳ надорад?

Тоҷикистон воқеан дорои захираҳои назарраси фулузоти нодир аст, вале он тасдиқ нашудааст.

Интиқоли беш аз 250 ҳазор сомонӣ ба суратҳисоби қаллобон дар як моҳ

Созмони Байналмилалии Муҳоҷират аз афзоиши қаллобони маҷозӣ ҳушдор медиҳад.

Ҳавошиносон сокинони Тоҷикистонро аз боришоту обхезӣ ва гарду ғубор ҳушдор доданд

Оҷонсии ҳавошиносии Тоҷикистон сокинони кишварро аз боришот, омадани сел...

Дар бозорҳои Хатлон нархи семент гарон шудааст. Далели он чист?

Арзиши семент дар як ҳафтаи охир то 20 сомонӣ қимат шудааст.

Тими миллии наврасони Тоҷикистон бо Ҷоми Осиё худоҳофизӣ кард, вале ба Ҷоми ҷаҳон меравад

Наврасони тоҷик баъди шикасти бузург аз ҳамсолони худ аз Ҷопон ба Душанбе бармегарданд.

Вазорати корҳои хориҷии Амрико гуфт, Исроил ва Лубнон ба тамдиди оташбас мувофиқат карданд

Бо ин вуҷуд, ду тараф ҳамвора якдигарро ба нақзи оташбас муттаҳам мекунанд.

Агентии инноватсия: интиқоли пули шаҳрвандон тавассути ҳамёнҳои элекронӣ андозбандӣ намешавад

Дар ин ниҳод шарҳ доданд, ки лоиҳаи санҷишӣ ба ошкор кардани ҳолатҳои доимии фаъолияти соҳибкорие, ки ба қайд гирифта нашудааст, равона гардидааст.

Шоҳномахони дуюнимсола. Чӣ гуна Ҳанифаи хурдсол “Шоҳнома” азёд мекунад?

Ҳамасола 15-уми май ҳамчун Рӯзи бузургдошти Абулқосим Фирдавсӣ, шоири бузурги тоҷику форс ва муаллифи асари нодири ҳамосӣ – "Шоҳнома" таҷлил мешавад.