Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон дар нахустин дидори худ дар мусобиқоти қаҳрамонии Осиё аз дастаи Чин шикаст хӯрд

Душанбе.3-юми ноябр – Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон дар нахустин дидори худ дар даври ниҳоии мусобиқоти қаҳрамонии Осиё байни футболбозони то 19-сола дар Арабистони Саъудӣ аз тими Чин бо ҳисоби бузурги 0: 6 шикаст хӯрд.   Бозии даври аввали гурӯҳи «С» байни дастаҳои Тоҷикистон ва Чин шоми 1-уми ноябр дар варзишгоҳи Шоҳзода Муҳаммад Бин Фаҳади шаҳри […]

ozodi.org


Душанбе.3-юми ноябр – Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон дар нахустин дидори худ дар даври ниҳоии мусобиқоти қаҳрамонии Осиё байни футболбозони то 19-сола дар Арабистони Саъудӣ аз тими Чин бо ҳисоби бузурги 0: 6 шикаст хӯрд.

 





Бозии даври аввали гурӯҳи «С» байни дастаҳои Тоҷикистон ва Чин шоми 1-уми ноябр дар варзишгоҳи Шоҳзода Муҳаммад Бин Фаҳади шаҳри Даммами Арабистон баргузор шуд.



Дар бозии дигари гурӯҳи «С» дастаи Куриёи Шимолӣ, қаҳрамони Осиё дар соли 2006, бар тими Лубнон бо ҳисоби 4:0 ғалаба кард.



Бад-ин тартиб дар ин гурӯҳ Чин ва Куриёи Шимолӣ 3-имтиёзӣ ба даст овардаанд. Бо дарназардошти таносуби беҳтари тӯбҳо Чин ҷои аввал ва Куриёи Шимолӣ ҷои дуввумро касб кардаанд. Лубнон ва Тоҷикистон бидуни имтиёз мутаносибан дар ҷойҳои севвум ва чаҳорум қарор доранд.



Дар даври дуввуми сабқати гурӯҳӣ 3-юми ноябр Лубнон бо Чин ва Тоҷикистон бо Куриёи Шимолӣ бозӣ хоҳанд кард.



Натоиҷи бозиҳои гурӯҳҳои дигар чунин аст: гурӯҳи «А» – Ҷопон – Яман – 5:0, Арабистони Саъудӣ – Эрон – 2:1, гурӯҳи «В» – Куриёи Ҷанубӣ – Сурия – 1:0, Ироқ – Аморати Муттаҳидаи Араб – 1:2, гурӯҳи «D» – Урдун – Узбакистон – 0:1, Австралия – Тайланд – 1:0.



Пас аз бозиҳои даври аввал дар гурӯҳи «А» Ҷопон ва Арабистони Саъудӣ, дар гурӯҳи «В» Куриёи Ҷанубӣ ва Аморати Муттаҳидаи Араб ва дар гурӯҳи «D» Австралия ва Узбакистон бо 3-имтиёзӣ пешқадам мебошанд.


Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.