Душанбе. 4-уми ноябр. ОИ «Азия-Плюс» – Аз ширкати саҳомии холдингии кушодаи «Барқи тоҷик» ба ОИ «Азия-Плюс» хабар доданд, ки пагоҳ маросими расмии мавриди истифода қарор гирифтани нерӯгоҳи «Сангтӯда-1» баргузор мешавад.
Дар ҳамин ҳол, 27-уми октябри соли ҷорӣ раиси ширкати «Барқи тоҷик» Шарифхон Самиев имзҳор дошта буд, ки бо мавриди истифода қарор гирифтани агрегати саввуми нерӯгоҳи «Сангтӯда-1» ва оғози воридоти барқи Туркманистон ба ҷумҳурӣ, аз 1-уми ноябр ҳаҷми интиқоли он ба минтақаҳои кишвар афзуда ва аз ин ба баъд аҳолии минтақаҳои ҷумҳурӣ ҳамарӯза ду соат бештар – 4 соат субҳ ва 4 соат шом бо барқ таъмин карда хоҳанд шуд.
Ёдрас мекунем, ки агрегати аввали нерӯгоҳ 20 январи соли ҷорӣ ва дуввум моҳи июли соли ҷорӣ ба кор даромад. Айни ҳол агрегатҳо бо иқтидори 150 то 200 мегават дар як шабонарӯз кор мекунанд.
Маълумотнома:
Нерӯгоҳи обию барқии «Сангтӯда-1» бо ғунҷоиши 670 МВт дар 100 километрии ҷануби шаҳри Душанбе ҷойгир шудааст. Лоиҳаро ба таври муштарак Тоҷикистону Русия амалӣ месозанд. Мувофиқи созишномаи байниҳукуматии Тоҷикистону Русия 75%-и саҳмияҳои нерӯгоҳ ба Русия ва 25%-и он ба Тоҷикистон тааллуқ доранд.


