Президент ба кори агрегати саввуми нерӯгоҳи «Сангтӯда» оғоз мебахшад

            Душанбе. 4-уми ноябр. ОИ «Азия-Плюс» – Аз ширкати саҳомии холдингии кушодаи «Барқи тоҷик» ба ОИ «Азия-Плюс» хабар доданд, ки пагоҳ маросими расмии мавриди истифода қарор гирифтани нерӯгоҳи «Сангтӯда-1» баргузор мешавад. Дар ҳамин ҳол, 27-уми октябри соли ҷорӣ раиси ширкати «Барқи тоҷик» Шарифхон Самиев имзҳор дошта буд, ки бо мавриди истифода қарор гирифтани агрегати саввуми […]

Виктория Наумова



           

Душанбе. 4-уми ноябр. ОИ «Азия-Плюс» – Аз ширкати саҳомии холдингии кушодаи «Барқи тоҷик» ба ОИ «Азия-Плюс» хабар доданд, ки пагоҳ маросими расмии мавриди истифода қарор гирифтани нерӯгоҳи «Сангтӯда-1» баргузор мешавад.




Дар ҳамин ҳол, 27-уми октябри соли ҷорӣ раиси ширкати «Барқи тоҷик» Шарифхон Самиев имзҳор дошта буд, ки бо мавриди истифода қарор гирифтани агрегати саввуми нерӯгоҳи «Сангтӯда-1» ва оғози воридоти барқи Туркманистон ба ҷумҳурӣ, аз 1-уми ноябр ҳаҷми интиқоли он ба минтақаҳои кишвар афзуда ва аз ин ба баъд аҳолии минтақаҳои ҷумҳурӣ ҳамарӯза ду соат бештар – 4 соат субҳ ва 4 соат шом бо барқ таъмин карда хоҳанд шуд.




           

Ёдрас мекунем, ки агрегати аввали нерӯгоҳ 20 январи соли ҷорӣ ва дуввум моҳи июли соли ҷорӣ ба кор даромад. Айни ҳол агрегатҳо бо иқтидори 150 то 200 мегават дар як шабонарӯз кор мекунанд.






Маълумотнома:









Нерӯгоҳи обию барқии «Сангтӯда-1» бо ғунҷоиши 670 МВт дар 100 километрии ҷануби шаҳри Душанбе ҷойгир шудааст. Лоиҳаро ба таври муштарак Тоҷикистону Русия амалӣ месозанд. Мувофиқи созишномаи байниҳукуматии Тоҷикистону Русия 75%-и саҳмияҳои нерӯгоҳ ба Русия ва 25%-и он ба Тоҷикистон тааллуқ доранд.


Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 19 апрели соли 2026

Аз зодрӯзи Зайнулобиддин Кобуливу Шокирҷон Ҳакимов то даргузашти Ғуломҳайдар Ғуломалиев ва Рӯзи гули бойчечак

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.