Душанбе. 4-уми ноябр. ОИ «Азия-Плюс» – Бо қарори Ҳукумати Тоҷикистон директори шабакаи нави телевизионии «Ҷаҳоннамо» Абдумаҷид Усмонов таъин гардидааст. Мавсуф то ин вақт ба ҳайси муовини раиси шабакаи телевизионии «Сафина» ифои вазифа мекард.
Муовини мудири шабакаи телевизионии «Ҷаҳоннамо», сармуҳаррири собиқи идораи иттилоотии «Ахбор»-и шабакаи аввали Телевизиони Тоҷикистон – Сӯҳроб Рауфов таъин шудааст.
Хотиррасон мекунем, Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таъсиси Муассисаи давлатии «Ҷаҳоннамо» дар маҷлиси ахири ҳукумати кишвар тасдиқ карда шуд. Шабакаи нави телевизионӣ, ки қарор аст шабонарӯзӣ 24 соат барнома пахш хоҳад кард, фардо 5-уми ноябр, дар остонаи Рӯзи ҷашни қабули Сарқонуни мамлакат ба фаъолият шурӯъ мекунад.


