Дар бозори «Корвон» корманди нуқтаи мубодилаи асъорро куштанд

Душанбе. 4-уми ноябр. ОИ «Азия-Плюс» – Дар ҳудуди бозори калонтарини пойтахт «Корвон» як корманди нуқтаи мубодилаи асъор ба зарби гулӯла кушта шудааст. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз Вазорати умури дохилии Тоҷикистон хабар доданд, ҳодиса бомдоди дирӯз тақрибан соатҳои 6-у 30 дақиқа ба амал омад. «Тибқи маълумоти пешакӣ, корманди нуқтаи мубодилаи асъор Аюб Сафаралиеви 21-сола замони […]

Наргис Ҳамробоева


Душанбе. 4-уми ноябр. ОИ «Азия-Плюс» – Дар ҳудуди бозори калонтарини пойтахт «Корвон» як корманди нуқтаи мубодилаи асъор ба зарби гулӯла кушта шудааст.




Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз Вазорати умури дохилии Тоҷикистон хабар доданд, ҳодиса бомдоди дирӯз тақрибан соатҳои 6-у 30 дақиқа ба амал омад.



«Тибқи маълумоти пешакӣ, корманди нуқтаи мубодилаи асъор Аюб Сафаралиеви 21-сола замони расидан ба коргоҳаш аз автомати АКМ парронда шуд», – хабар дод манбаъ.




 

Ҷинояткорон 20 ҳазор сомонии қурбонии худро гирифта, бо мошин аз маҳали ҳодиса фирор карданд. Аз рӯи ин далел парвандаи ҷиноӣ боз шуда, тафтишот идома дорад.


Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Чаро ҷаҳон ба захираҳои маъдании Тоҷикистон таваҷҷуҳ надорад?

Тоҷикистон воқеан дорои захираҳои назарраси фулузоти нодир аст, вале он тасдиқ нашудааст.

Интиқоли беш аз 250 ҳазор сомонӣ ба суратҳисоби қаллобон дар як моҳ

Созмони Байналмилалии Муҳоҷират аз афзоиши қаллобони маҷозӣ ҳушдор медиҳад.

Ҳавошиносон сокинони Тоҷикистонро аз боришоту обхезӣ ва гарду ғубор ҳушдор доданд

Оҷонсии ҳавошиносии Тоҷикистон сокинони кишварро аз боришот, омадани сел...

Дар бозорҳои Хатлон нархи семент гарон шудааст. Далели он чист?

Арзиши семент дар як ҳафтаи охир то 20 сомонӣ қимат шудааст.

Тими миллии наврасони Тоҷикистон бо Ҷоми Осиё худоҳофизӣ кард, вале ба Ҷоми ҷаҳон меравад

Наврасони тоҷик баъди шикасти бузург аз ҳамсолони худ аз Ҷопон ба Душанбе бармегарданд.

Вазорати корҳои хориҷии Амрико гуфт, Исроил ва Лубнон ба тамдиди оташбас мувофиқат карданд

Бо ин вуҷуд, ду тараф ҳамвора якдигарро ба нақзи оташбас муттаҳам мекунанд.

Агентии инноватсия: интиқоли пули шаҳрвандон тавассути ҳамёнҳои элекронӣ андозбандӣ намешавад

Дар ин ниҳод шарҳ доданд, ки лоиҳаи санҷишӣ ба ошкор кардани ҳолатҳои доимии фаъолияти соҳибкорие, ки ба қайд гирифта нашудааст, равона гардидааст.