Душанбе. 8-уми ноябр. ОИ «Азия-Плюс» – Чанде қабл дар ноҳияи Ёвон дар натиҷаи садамаи нақлиёт як ноболиғ ба ҳалокат расид.
Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» сухангӯи Вазорати умури дохилии кишвар – Муҳаммадулло Асадуллоев хабар дод, ронандаи мошини сабукрави «Опел-Вектра» Ӯрозқул Қараев ҳангоми ҳаракат аз ноҳияи Ҷомӣ ба самти ноҳияи Ёвон дар километри 25-уми ҷода дар наздикии деҳаи Чойхона аз ӯҳдаи идораи нақлиёт набаромада, пиёдагарди ноболиғ Нигораи Сайфро пахш намудааст.
«Ҳангоми интиқол ба бемористон Нигораи 4-сола фавт кард», –
гуфт М.Асадуллоев ва афзуд, ки аз рӯи ин далел парвандаи ҷиноӣ боз гардидааст.


