Коршиноси БҶ: Тоҷикистон аз даромади молҳои содиротӣ қисман зарар дида метавонад

Date:



           

Душанбе. 8-уми ноябр. ОИ «Азия-Плюс» – Чанде қабл сармутахассиси Бонки ҷаҳонӣ (БҶ) Сударшан Канагараҷа дар Душанбе изҳор дошт, ки бар асари бӯҳрони молиявии ҷаҳонӣ Тоҷикистон метавонад аз даромади қисмате аз молҳои содиротӣ хисорот бинад.





           

Номбурда зикр кард, ки бӯҳрони молиявии ҷаҳонӣ ба коҳиши талаботи молҳои содиротӣ аз кишварҳои шарики муносиботи тиҷоратии Тоҷикистон боис шуда метавонад.




           

«Дар маҷмӯъ, бӯҳрони молиявии сартосарӣ бевосита ба Тоҷикистон таъсир нахоҳад гузошт, зеро иқтисоди Тоҷикистон на он қадр рушдёфта аст ва мутаносибан ба бозори молиявии ҷаҳонӣ робитаи зич надорад», – гуфт ӯ.




           

Ёдрас мекунем, ки Тоҷикистон ба кишварҳои хориҷ асосан алюминий, нахи пахта ва дар мавсими зимистон ба миқдори на он қадр зиёд нерӯи барқ содирот мекунад.


ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 15 феврали соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ – Имрӯз соати 11:00 дар Театри давлатии лӯхтаки...

Ҷинояткорӣ миёни ноболиғон афзудааст. Рамазон Раҳимзода онро “ташвишовар” хонд

Рамазон Раҳимзода, вазири корҳои дохилии Тоҷикистон рӯзи 12-уми феврал...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 14 феврали соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ – Имрӯз соати 15:00 Диловар Андалибов, овозхони ҷавони...

Додситони кул муноқишаи додситони Бӯстон ва ба таври мармуз аз вазифа озод шудани додситони пешини Хатлонро шарҳ дод

Додситони кулли Тоҷикистон тасдиқ кард, ки барканории Абдуқаҳҳор Азизов...