Бар асари бӯҳрони молиявӣ ҳаҷми интиқоли маблағҳои муҳоҷирони тоҷик метавонад коҳиш ёбад, – назари коршиноси БҶ

            Душанбе. 8-уми ноябр. ОИ «Азия-Плюс» – Чанде қабл сармутахассиси Бонки ҷаҳонӣ (БҶ) Сударшан Канагараҷа дар Душанбе изҳор дошт, ки бӯҳрони молиявии ҷаҳонӣ ба коҳиши шумори муҳоҷирини меҳнатии тоҷик ва ҳаҷми маблағҳои интиқолмекардаи онҳо боис шуда метавонад.             Номбурда зикр кард, ки тибқи пешбиниҳо бӯҳрон ояндаи наздик ба анҷом нахоҳад расид ва айни замон ҳудуди […]

Пайрав Чоршанбиев



           

Душанбе. 8-уми ноябр. ОИ «Азия-Плюс» –


Чанде қабл сармутахассиси Бонки ҷаҳонӣ (БҶ) Сударшан Канагараҷа дар Душанбе изҳор дошт, ки бӯҳрони молиявии ҷаҳонӣ ба коҳиши шумори муҳоҷирини меҳнатии тоҷик ва ҳаҷми маблағҳои интиқолмекардаи онҳо боис шуда метавонад.





           

Номбурда зикр кард, ки тибқи пешбиниҳо бӯҳрон ояндаи наздик ба анҷом нахоҳад расид ва айни замон ҳудуди сеяки аҳолии Тоҷикистон дар хориҷи кишвар кор мекунанд. «Бӯҳрони молиявӣ шояд ба коҳиши талаботи кишварҳои корфармо ба қувваи корӣ оварда расонад ва табиист, ки он ба камшавии ҳаҷми интиқоли маблағҳои муҳоҷирони тоҷик боис мегардад», – гуфт ӯ.




           

Ӯ афзуд, ки дар соли 2007 саҳми муҳоҷирони тоҷик ба иқтисоди ҷумҳурӣ 1,5 млрд. доллари амрикоиро ташкил додааст, ки ин нишондиҳанда 36 дарсади Маҷмӯи маҳсулоти дохилии кишварро ташкил медиҳад.




           

Тибқи маълумоти Бонки ҷаҳонӣ, 37 дарсади муҳоҷирони меҳнатии ҷумҳуриро сокинони вилояти Суғд, 33 дарсадро сокинони вилояти Хатлон, 5 дарсадро аҳолии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва 1 дарсадро сокинони шаҳри Душанбе ташкил медиҳанд.


Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Радабандии ҷаҳонии футзал аз ФИФА: Тоҷикистон се мавқеъ поин рафт

Федератсияи байнулмилалии футбол (ФИФА) радабандии навбатии мунтахабҳои футзали мардон ва занонро нашр кард.

7 гектар масоҳат ва 10 000 тонна маҳсулоти алюминӣ: Гузориш аз корхонаи “Роллер”

Мо раванди истеҳсоли маҳсулотро пурра мушоҳида кардем ва талош кардем, ки шумо ҳам онро бубинед.

Афзоиши ҳаҷми тиҷорат миёни Тоҷикистону Русия

Дар се моҳи соли 2026 ҳаҷми тиҷорат байни ин ду кишвар нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 2,2% афзудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 89

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 18 майи соли 2026

Аз даргузашти Мӯъмин Қаноату Раҳматилло Зоиров то Рӯзи ҷаҳонии осорхонаҳо.

Дар кӯдакистонҳо бояд кадом тадбирҳои бехатарӣ риоя шаванд?

Баъди нашри навори задани як кӯдак аз сӯи муррабие дар яке аз кӯдакистонҳои пойтахт, баҳси бехатарии тифлон дар муассисаҳои томактабӣ дубора доғ шуд.

Аз қатли Қобилҷон 5 моҳ гузашт. Модараш бори аввал дар бораи фарзандаш, рӯзи ҳодиса, рафти тафтишот ва зиндагии имрӯзааш суҳбат кард

“Азия-Плюс” ба суроғи Нилуфар Сафоева рафт ва бори аввал дар бораи фоҷеае, ки сари ӯву писараш омад, гуфтугӯ кард.