Фаъолияти Фонди бозгашти тухмӣ дар Вазорати кишоварзии ҷумҳурӣ вусъат мегирад

Душанбе. 8-уми ноябр. ОИ «Азия-Плюс» – Соли ҷорӣ   бо супориши   Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон   Вазорати кишоварзӣ ба хоҷагиҳои кишоварзӣ деҳқонӣ(фермерӣ)-и пешсафи ҷумҳурӣ   тухмиҳои хушсифати «Суперэлита», «Элита, R 1, R 2-и гандум ва картошкаро ташкил карда буд. Тақсими онҳо ҳамчун фонди бозгашт, дар асоси   бастани шартномахои фонди бозгашти гандум ва   картошка […]

root


Душанбе. 8-уми ноябр. ОИ «Азия-Плюс» – Соли ҷорӣ

 

бо супориши

 

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

Вазорати кишоварзӣ ба хоҷагиҳои кишоварзӣ деҳқонӣ(фермерӣ)-и пешсафи ҷумҳурӣ

 

тухмиҳои хушсифати «Суперэлита», «Элита,


R


1,


R


2-и гандум ва картошкаро ташкил карда буд. Тақсими онҳо ҳамчун фонди бозгашт, дар асоси

 

бастани шартномахои фонди бозгашти гандум ва

 

картошка ба роҳ монда шуд, мақсади асосии вазорат зиёд кардани миқдори тухмиҳои баландсифату серҳосил дар ҷумҳурӣ мебошад.





     


    


 

Мувофиқи маълумоти фаврии Раёсати тухмипарварӣ ва

 

дастовардҳои селексионии вазорат картошкаи тухмӣ

 

соли 2008 дар

 

хоҷагиҳои кишоварзии ҷумҳурӣ ба миқдори 1620,5

 

тонна тухми картошка тақсим карда шуда, фонди бозгашти он дар асоси шартномаҳои басташуда 2430 тоннаро ташкил медиҳад. То имрӯз 261,6 тонна тухмӣ ҷамъ гардидааст, ки 16,1 фоизи нақшаро ташкил медиҳад.




     


    

Инчунин дар ҷумҳурӣ

 

гандуми тухмии баландсифат

 

ба миқдори 1332,2

 

тонна тақсим карда шудааст. Фонди бозгашт бошад, аз рӯи шартнома 1331,95 тоннаро ташкил медиҳад То имрӯз

 

зиёда аз 532 тонна тухми гандум, ки ин

 

40,0- фоизро ташкил медиҳад,

 

хоҷагиҳои деҳқонӣ (фермерӣ)

  

дар асоси шартнома баргардонида

 

шудааст.

 





   


   


  

Дар баробари ин тибқи маълумоти фаврӣ то 03.11.08 тухми гандум, ки аз кооперативи истеҳсолии Латиф Муродови ноҳияи Ҳисор аз ҳисоби маблағҳои буҷавӣ харида шуда, дар асоси нақшаи тақсимоти Вазорат ба хоҷагиҳои ноҳияҳои Б.Ғафуров -14 тонна,

 

Ғончӣ-10 тонна, Шаҳристон-10 тонна, Айнӣ-11 тонна,

 

Панҷакент-8 тонна,

 

Истаравшан -6 тонна, раёсати кишоварзии вилоят-21 тонна; ноҳияи Тавилдара-15 тонна ва хоҷагии деҳқонии Ғуломмирзои ноҳияи Ҳисор-0,5 тонна, ҳамагӣ 95,5 тонна тухмӣ барои гузаронидани кишти тирамоҳӣ дода шудааст.




      

Дар рӯзҳои наздик тақсимоти тухмӣ аз фонди бозгашти тухмӣ ба ноҳияҳои ВМБК шурӯъ мешавад. Дар ин бора аз Маркази матбуот ва иттилооти вазорати кишоварзии ҷумҳурӣ хабар доданд.


Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Вазорати нақлиёт мегӯяд, дар пайи номусоидии ҳаво роҳдорон ба кори шабонарӯзӣ гузаштанд

Қаблан Оҷонсии ҳавошиносӣ аз бориши борон ва омадани сел ҳушдор дода буд.

Таҳдиди нави Доналд Трамп дар бораи ҳамла ба Эрон ва гузоришҳо аз шартҳои ду тараф барои азсаргирии музокирот

Бо вуҷуди ҳамаи ин радду бадалҳо ва ирсоли паёмҳо дар сояи як даргирии дигар миёни Эрон ва Амрико, маълум нест, ки музокираи навбатии онҳо кай баргузор мешавад.

Тоҷикистон дар радабандии ҷаҳонии футзал се зина поин рафт

ФИФА радабандии навбатии мунтахабҳои футзали мардон ва занонро нашр кард.

7 гектар масоҳат ва 10 000 тонна маҳсулоти алюминӣ: Гузориш аз корхонаи “Роллер”

Мо раванди истеҳсоли маҳсулотро пурра мушоҳида кардем ва талош кардем, ки шумо ҳам онро бубинед.

Афзоиши ҳаҷми тиҷорат миёни Тоҷикистону Русия

Дар се моҳи соли 2026 ҳаҷми тиҷорат байни ин ду кишвар нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 2,2% афзудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 89

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 18 майи соли 2026

Аз даргузашти Мӯъмин Қаноату Раҳматилло Зоиров то Рӯзи ҷаҳонии осорхонаҳо.