Душанбе. 10-уми ноябр. ОИ «Азия-Плюс» – Фардо, 11-уми ноябр дар шаҳри Душанбе семинар-машварати «Таҳияи муштараки стратегияи ҳамаҷонибаи соҳаи тандурустӣ» баргузор мешавад.
Тавре аз маркази матбуоти Вазорати тандурустии ҷумҳурӣ ба ОИ «Азия-Плюс» хабар доданд, чорабинии мазкур бо мақсади дастгирии ҳамаҷониба ва иҷрои ӯҳдадориҳо аз ҷониби шарикон оид ба рушд ва ҷалби захираҳо барои баррасии минбаъдаи амалисозии чораҳои амалӣ аз ҷониби вазорат ва шарикон гузаронида мешавад.
Ба иттилои манбаъ, чорабинӣ аз ҷониби Вазорати тандурустии кишвар бо дастгирии техникии намояндагии Дафтари минтақавии Аврупои Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ ва Маркази татбиқи Лоиҳаи тандурустии заминавӣ ва ҷамоавӣ созмон дода мешавад. «Дар кори семинар кормандони Дастгоҳи марказии вазорати тандурустиву молияи ҷумҳурӣ ва роҳбарони намояндагиҳои сохторҳои байнулмилалии молиявии машғули фаъолият дар бахши тандурустӣ иштирок мекунанд», – афзуд манбаъ.


