Масъалаҳои таҳияи стратегияи соҳаи тандурустӣ дар пойтахт мавриди баррасӣ қарор мегиранд

Душанбе. 10-уми ноябр. ОИ «Азия-Плюс» – Фардо, 11-уми ноябр дар шаҳри Душанбе семинар-машварати «Таҳияи муштараки стратегияи ҳамаҷонибаи соҳаи тандурустӣ» баргузор мешавад. Тавре аз маркази матбуоти Вазорати тандурустии ҷумҳурӣ ба ОИ «Азия-Плюс» хабар доданд, чорабинии мазкур бо мақсади дастгирии ҳамаҷониба ва иҷрои ӯҳдадориҳо аз ҷониби шарикон оид ба рушд ва ҷалби захираҳо барои баррасии минбаъдаи амалисозии […]

Виктория Наумова


Душанбе. 10-уми ноябр. ОИ «Азия-Плюс» – Фардо, 11-уми ноябр дар шаҳри Душанбе семинар-машварати «Таҳияи муштараки стратегияи ҳамаҷонибаи соҳаи тандурустӣ» баргузор мешавад.




Тавре аз маркази матбуоти Вазорати тандурустии ҷумҳурӣ ба ОИ «Азия-Плюс» хабар доданд, чорабинии мазкур бо мақсади дастгирии ҳамаҷониба ва иҷрои ӯҳдадориҳо аз ҷониби шарикон оид ба рушд ва ҷалби захираҳо барои баррасии минбаъдаи амалисозии чораҳои амалӣ аз ҷониби вазорат ва шарикон гузаронида мешавад.



Ба иттилои манбаъ, чорабинӣ аз ҷониби Вазорати тандурустии кишвар бо дастгирии техникии намояндагии Дафтари минтақавии Аврупои Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ ва Маркази татбиқи Лоиҳаи тандурустии заминавӣ ва ҷамоавӣ созмон дода мешавад. «Дар кори семинар кормандони Дастгоҳи марказии вазорати тандурустиву молияи ҷумҳурӣ ва роҳбарони намояндагиҳои сохторҳои байнулмилалии молиявии машғули фаъолият дар бахши тандурустӣ иштирок мекунанд», – афзуд манбаъ.


Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Вазорати нақлиёт мегӯяд, дар пайи номусоидии ҳаво роҳдорон ба кори шабонарӯзӣ гузаштанд

Қаблан Оҷонсии ҳавошиносӣ аз бориши борон ва омадани сел ҳушдор дода буд.

Таҳдиди нави Доналд Трамп дар бораи ҳамла ба Эрон ва гузоришҳо аз шартҳои ду тараф барои азсаргирии музокирот

Бо вуҷуди ҳамаи ин радду бадалҳо ва ирсоли паёмҳо дар сояи як даргирии дигар миёни Эрон ва Амрико, маълум нест, ки музокираи навбатии онҳо кай баргузор мешавад.

Тоҷикистон дар радабандии ҷаҳонии футзал се зина поин рафт

ФИФА радабандии навбатии мунтахабҳои футзали мардон ва занонро нашр кард.

7 гектар масоҳат ва 10 000 тонна маҳсулоти алюминӣ: Гузориш аз корхонаи “Роллер”

Мо раванди истеҳсоли маҳсулотро пурра мушоҳида кардем ва талош кардем, ки шумо ҳам онро бубинед.

Афзоиши ҳаҷми тиҷорат миёни Тоҷикистону Русия

Дар се моҳи соли 2026 ҳаҷми тиҷорат байни ин ду кишвар нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 2,2% афзудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 89

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.