Душанбе. 13-уми ноябр. ОИ «Азия-Плюс» – Дар маҷмааи давлатии «Кохи Ваҳдат»-и шаҳри Душанбе дар доираи чорабиниҳои намоишгоҳи байнулмилалии «Агрофуд-2008» бо иштироки ҳудуди 50 соҳибкорон аз Тоҷикистон, Эрону Чин ва Туркия ҳамоиши тиҷоратӣ баргузор шуд.
Тавре аз палатаи савдо ва саноати ҷумҳурӣ ба ОИ «Азия-Плюс» хабар доданд, дар ҳамоиш аз ҷониби Тоҷикистон намояндагони ширкатҳои истеҳсоли трактори «Тоҷ-Ирон», корхонаи қаннодии «Ширин», маркази савдои ноҳияи Восеъ ва КВД «Савдо ва бозорҳои шаҳри Душанбе» ширкат варзида, бо ҳамтоҳои хориҷии худ атрофи масоили роҳандозии ҳамкориҳои мутақобилан судманд табодули афкор намуданд.
Зикр гардид, ки зимни гуфтушунид намояндагони 40 ширкату корхонаҳои Эрон ва ширкати тиҷоратии «СанБин»-и Чин омодагии худро баҳри ҳамкорӣ изҳор кардаанд.
Тибқи иттилои манбаъ, соҳибкорони тоҷик дар бахши кишоварзӣ аз ҳамтоҳои эронии худ оид ба имконоти дастрас кардани комбайнҳои ҳосилғундор тариқи қарз ё лизинг дархост кардаанд.


