Имрӯз нахуствазирони кишварҳои узви ИДМ дар Молдова ҷамъ меоянд

Душанбе. 13-уми ноябр. ОИ «Азия-Плюс» – Имрӯз нахуствазири мамлакат – Оқил Оқилов ҷиҳати ширкат дар ҷаласаи навбатии Шӯрои раҳбарони ҳукуматҳои кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ба шаҳри Кишинёв – пойтахти Ҷумҳурии Молдова сафар мекунад. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз ҳукумати ҷумҳурӣ хабар доданд, дар нишаст баррасии наздики 35 лоиҳаи аснод дар назар аст. Дар меҳвари […]

Аваз Юлдошев


Душанбе. 13-уми ноябр. ОИ «Азия-Плюс» – Имрӯз нахуствазири мамлакат – Оқил Оқилов ҷиҳати ширкат дар ҷаласаи навбатии Шӯрои раҳбарони ҳукуматҳои кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ба шаҳри Кишинёв – пойтахти Ҷумҳурии Молдова сафар мекунад.




Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз ҳукумати ҷумҳурӣ хабар доданд, дар нишаст баррасии наздики 35 лоиҳаи аснод дар назар аст. Дар меҳвари мулоқот масъалаи Стратегияи рушди иқтисодии ИДМ барои давраи то соли 2020 қарор хоҳад дошт.



Маврид ба ёдоварист, ки масъалаи мазкур дар ҳамоиши сарони кишварҳои узви Иттиҳод, дар моҳи октябри соли ҷорӣ баррасӣ шуда буд. Он вақт ин санад аз тарафи сарони кишварҳои аъзо мавриди таъйид шуд ва барои баррасӣ ва қабули қарори ниҳоӣ дар бораи он ба раҳбарони ҳукуматҳо пешниҳод гардид.

      



Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Афзоиши теъдоди муҳоҷирон аз Тоҷикистон дар Лаҳистон

Дар 3 моҳи соли 2026 ин кишвар ба ҳудуди 6 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон иҷозатномаи кор додааст.

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Раиси Кумитаи сармоягузории Тоҷикистон бо намояндагони ширкатҳои "J.P. Morgan", "Loomis Sayles & Company", "Morgan Stanley Investment Management" ва "Global Evolution" ном бурд.