Душанбе. 13-уми ноябр. ОИ «Азия-Плюс» – Миёни кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (ИДМ) дар Тоҷикистон суръати баландтарини маблағгузорӣ ба сармояи асосӣ ба қайд гирифта шудааст. Дар ин хусус Кумитаи омори ИДМ хабар медиҳад.
Бино ба иттилои манбаъ, дар моҳҳои январ-сентябри соли ҷорӣ ҳаҷми чунин намуди маблағгузорӣ дар Тоҷикистон нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта ба андозаи 77,5 дарсад афзудааст ва ин дар ҳолест, ки 70 дарсади онро маблағгузориҳои хориҷӣ ташкил медиҳанд.
Хабар дода мешавад, ки чунин афзоиш дар Тоҷикистон аз ҳисоби сармоягузориҳо ба сохтмони нерӯгоҳҳои барқӣ ба амал омадааст. Ин нишондиҳанда дар Озарбойҷон ба 38, Белорус – 23, Ӯзбекистон – 19, Русия – 13,1, Арманистон – 12, Молдова – 9 ва Украинаву Қазоқистон – 8,2 баробар аст.


