Душанбе. 14-уми ноябр. ОИ «Азия-Плюс» – Таруфаи пастарини истифода аз нерӯи барқ дар моҳи сентябри соли 2008 миёни кишварҳои узви ИДМ дар Тоҷикистон ба қайд гирифта шудааст, ки барои 100 киловат соат нерӯи барқ аҳолӣ 35,48 рубли русӣ муодил ба 4 сомониву 80 дирам пардохт мекард.
Бино ба маълумоти Кумитаи омори Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, нархи баландтарини барқ дар Молдова ба қайд гирифта шудааст. Аҳолии ин кишвар барои 100 киловат соат, наздики 288 рубл пардохт мекунанд.
Ва ин дар ҳолест, ки таруфаҳои баландтарини истифода аз гази табиӣ миёни кишварҳои узви Иттиҳод дар Тоҷикистон ба қайд гирифта шудааст. Тибқи
маълумоти коршиносони кумитаи омори Иттиҳод, қиммати 1 метри мукааб газ дар ҷумҳурии мо ба 89 рубли русӣ баробар будааст. Таруфаи пасттарин барои истифода аз газ бошад, дар Озарбойчон ба қайд гирифта шудааст. Гуфта мешавад, ки аҳолии ин кишвар барои 1 метри мукааб газ, камтар аз 1-уним рубл пардохт мекунанд.


