Душанбе. 15-уми ноябр. ОИ «Азия-Плюс» – Ҳафтаи ҷорӣ роҳбарони китобхонаҳои ҷумҳурӣ аз сафари сеҳафтаинаи штати Небраскаи Иёлоти Муттаҳидаи Амрико баргаштанд.
Тавре ёвари корманди масъули робита бо ВАО-и сафорати ИМА дар Тоҷикистон Нигина Алиева ба ОИ «Азия-Плюс» хабар дод, ин сафар дар доираи татбиқи барномаи «Робитаи иттиҳодияҳо», ки аз ҷониби Агентии ИМА оид ба рушд (
USAID
) маблағгузорӣ мешавад, сурат гирифта, муддати сафар намояндагогни Тоҷикистон дар оилаҳои амрикоӣ ба сар бурдаанд.
Бино ба иттилои манбаъ, роҳбарони китобхонаҳои Тоҷикистон аз китобхонаи бузурги Конгресси ИМА, иттиҳодияи китобдорони Линколн (штати Небраска) ва китобхонаҳои дигари ҷамъиятиву хусусӣ боздид карда, бо роҳандозии тарзи фаъолияти китобхонаҳо дар ИМА, воситаи самараноки истифодаи иттилоот ва расонидани он ба ҷомеа аз наздик ошно гаштанд.
Н.Алиева афзуд, ки миёни кормандони китобхонаҳо ва соҳаи китобдории кишварҳо оид ба роҳҳои беҳбуди фаъолият дар ин бахш табодули муфиди таҷриба анҷом пазируфт.


