Роҳбарони китобхонаҳои ҷумҳурӣ аз сафари сеҳафтаинаи Амрико баргаштанд

            Душанбе. 15-уми ноябр. ОИ «Азия-Плюс» – Ҳафтаи ҷорӣ роҳбарони китобхонаҳои ҷумҳурӣ аз сафари сеҳафтаинаи штати Небраскаи Иёлоти Муттаҳидаи Амрико баргаштанд. Тавре ёвари корманди масъули робита бо ВАО-и сафорати ИМА дар Тоҷикистон Нигина Алиева ба ОИ «Азия-Плюс» хабар дод, ин сафар дар доираи татбиқи барномаи «Робитаи иттиҳодияҳо», ки аз ҷониби Агентии ИМА оид ба рушд […]

Баҳром Маннонов



           

Душанбе. 15-уми ноябр. ОИ «Азия-Плюс» – Ҳафтаи ҷорӣ роҳбарони китобхонаҳои ҷумҳурӣ аз сафари сеҳафтаинаи штати Небраскаи Иёлоти Муттаҳидаи Амрико баргаштанд.




Тавре ёвари корманди масъули робита бо ВАО-и сафорати ИМА дар Тоҷикистон Нигина Алиева ба ОИ «Азия-Плюс» хабар дод, ин сафар дар доираи татбиқи барномаи «Робитаи иттиҳодияҳо», ки аз ҷониби Агентии ИМА оид ба рушд (


USAID


) маблағгузорӣ мешавад, сурат гирифта, муддати сафар намояндагогни Тоҷикистон дар оилаҳои амрикоӣ ба сар бурдаанд.



Бино ба иттилои манбаъ, роҳбарони китобхонаҳои Тоҷикистон аз китобхонаи бузурги Конгресси ИМА, иттиҳодияи китобдорони Линколн (штати Небраска) ва китобхонаҳои дигари ҷамъиятиву хусусӣ боздид карда, бо роҳандозии тарзи фаъолияти китобхонаҳо дар ИМА, воситаи самараноки истифодаи иттилоот ва расонидани он ба ҷомеа аз наздик ошно гаштанд.



Н.Алиева афзуд, ки миёни кормандони китобхонаҳо ва соҳаи китобдории кишварҳо оид ба роҳҳои беҳбуди фаъолият дар ин бахш табодули муфиди таҷриба анҷом пазируфт.


Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Афзоиши теъдоди муҳоҷирон аз Тоҷикистон дар Лаҳистон

Дар 3 моҳи соли 2026 ин кишвар ба ҳудуди 6 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон иҷозатномаи кор додааст.

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Раиси Кумитаи сармоягузории Тоҷикистон бо намояндагони ширкатҳои "J.P. Morgan", "Loomis Sayles & Company", "Morgan Stanley Investment Management" ва "Global Evolution" ном бурд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 26 майи соли 2026

Аз зиндони шудани Хуршед Фозилов то рӯзи вакилони дифоъ дар Тоҷикистон.

Нисор Муҳаммад кист ва барои халқи тоҷик чӣ хидмат кардааст?

Ӯ яке аз вазирони маорифи Тоҷикистони шӯравӣ буд.

Худкушии як марди 60 – сола дар ноҳияи Ҷаббор Расулов

Ӯ “дар саҳни ҳавлӣ бо корд гарданашро буридааст”.

Дар Панҷакент бозори марказии нав ба кор оғоз кард

Он баъди сӯхтори бозори пешини "Гулистон"-и шаҳр сохта шуд.

Қарзи берунаи Тоҷикистон дар се моҳ $170 млн кам шудааст

То 1-уми апрели соли равон қарзи хориҷии Тоҷикистон 2,8 млрд долларро ташкил медиҳад.