Дар Бишкек давраи тирамоҳии «Мактаби худидорукунии маҳаллӣ» барои донишҷӯён аз Тоҷикистону Қирғизистон оғоз мегардад

Date:


Душанбе. 17-уми ноябр. ОИ «Азия-Плюс» – Имрӯз дар шаҳри Бишкек давраи тирамоҳии «Мактаби худидорукунии маҳаллӣ» барои донишҷӯён аз Тоҷикистону Қирғизистон оғоз мегардад.




Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз Институти ҷомеъаи кушод – Бунёи мадад – Тоҷикистон хабар доданд, чорабинии якҳафтаина дар доираи барномаи «Худидоракунии маҳаллӣ»-и Институт дар якҷоягӣ бо «Маркази технологияҳои ҷамъиятӣ» ташкил гардида, марҳилаи навбатии татбиқи лоиҳаи «Мактаби таҳқиқоти шаҳрдорӣ ва тахнологияҳо» ба ҳисоб меравад.



Ба гуфтаи манбаъ, мақсади асосии лоиҳа, эҷоди замина барои такмили сифати омодагии технологии мутахассисон дар риштаи менеҷмент барои мақомоти идора ва худидоракунии маҳаллӣ ва анҷоми корҳои таҳлилӣ мебошад.



Ба ҳайси шунавандагони лоиҳа, дар асоси озмун 12 донишҷӯ аз макотиби гуногуни олии Тоҷикистон интихоб гардиданд. Татбиқи лоиҳа моҳи январи соли ҷорӣ оғоз гардид. Дар доираи он иштирокдорон доир ба ҷанбаҳои мухталифи худидоракунии маҳаллӣ пажӯҳишҳои таҳлилӣ анҷом доданд.

   



ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 15 феврали соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ – Имрӯз соати 11:00 дар Театри давлатии лӯхтаки...

Ҷинояткорӣ миёни ноболиғон афзудааст. Рамазон Раҳимзода онро “ташвишовар” хонд

Рамазон Раҳимзода, вазири корҳои дохилии Тоҷикистон рӯзи 12-уми феврал...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 14 феврали соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ – Имрӯз соати 15:00 Диловар Андалибов, овозхони ҷавони...

Додситони кул муноқишаи додситони Бӯстон ва ба таври мармуз аз вазифа озод шудани додситони пешини Хатлонро шарҳ дод

Додситони кулли Тоҷикистон тасдиқ кард, ки барканории Абдуқаҳҳор Азизов...