Гурӯҳи аввалини зоирини тоҷик ба Арабистони Саъудӣ рафт

Душанбе. 17-уми ноябр. ОИ «Азия-Плюс» – Чанде қабл тавассути ҳавопаймои амрикоии навъи TRISTAR – L 1011 гурӯҳи аввалини зоирини тоҷик иборат аз 360 нафар барои адои маросими ҳаҷ озими шаҳри Макка шуданд. Тибқи маълумоти Вазорати фарҳанги ҷумҳурӣ, соли равон 5 ҳазору 200 нафар шаҳрвандони тоҷик ба зиёрати хонаи Каъба мераванд. Бино ба иттилои манбаъ, аз […]

Аваз Юлдошев


Душанбе. 17-уми ноябр. ОИ «Азия-Плюс» – Чанде қабл тавассути ҳавопаймои амрикоии навъи


TRISTAR





L


1011 гурӯҳи аввалини зоирини тоҷик иборат аз 360 нафар барои адои маросими ҳаҷ озими шаҳри Макка шуданд.




Тибқи маълумоти Вазорати фарҳанги ҷумҳурӣ, соли равон 5 ҳазору 200 нафар шаҳрвандони тоҷик ба зиёрати хонаи Каъба мераванд.



Бино ба иттилои манбаъ, аз Душанбе 11 ва аз шаҳри Хуҷанд 3 чунин парвози тайёраҳо ба Арабистони Саъудӣ ба нақша гирифта шудааст ва парвози охирин 30-уми ноябр сурат хоҳад гирифт.



Қобили зикр аст, ки оид ба интиқоли шаҳрвандони тоҷик ба адои маросими ҳаҷ миёни ширкати ҳавопаймоии «Тоҷик Эйр» ва ширкати арабӣ тавофуқ ҳосил шуда буд.



«Шоми имрӯз боз як ҳавопаймои дигар бо зоирини тоҷик роҳ сӯи Макка пеш мегирад», – афзуд манбаъ.




 

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Афзоиши теъдоди муҳоҷирон аз Тоҷикистон дар Лаҳистон

Дар 3 моҳи соли 2026 ин кишвар ба ҳудуди 6 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон иҷозатномаи кор додааст.

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Раиси Кумитаи сармоягузории Тоҷикистон бо намояндагони ширкатҳои "J.P. Morgan", "Loomis Sayles & Company", "Morgan Stanley Investment Management" ва "Global Evolution" ном бурд.