Моҳи декабр интиқоли нерӯи барқ ба манотиқи кишвар боз як соати дигар зиёд карда мешавад

Душанбе. 17-уми ноябр. ОИ «Азия-Плюс» – Интиқоли нерӯи барқ ба манотиқи кишвар дар моҳи декабр боз як соати дигар зиёд карда мешавад. Дар ин бора ба ОИ «Азия-Плюс» аз ширкати «Барқи тоҷик» хабар доданд.   Манбаъ ёдовар шуд, ки имрӯзҳо ба минтақаҳои ҷумҳурӣ дар як шабонарӯз 7 соат барқ интиқол мешавад ва мутаносибан баъди зиёд […]

Пайрав Чоршанбиев


Душанбе. 17-уми ноябр. ОИ «Азия-Плюс» – Интиқоли нерӯи барқ ба манотиқи кишвар дар моҳи декабр боз як соати дигар зиёд карда мешавад. Дар ин бора ба ОИ «Азия-Плюс» аз ширкати «Барқи тоҷик» хабар доданд.





 

Манбаъ ёдовар шуд, ки имрӯзҳо ба минтақаҳои ҷумҳурӣ дар як шабонарӯз 7 соат барқ интиқол мешавад ва мутаносибан баъди зиёд шудани он ба як соати дигар, шабонарӯзӣ аҳолӣ 4 соат субҳи ва 4 соат шомгоҳӣ бо қувваи барқ таъмин хоҳад шуд.



Дар хусуси ҳолати таъминот бо барқ дар шаҳри Душанбе бошад, манбаъ мутмаин сохт, ки дар асоси супориши бевоситаи сарвари давлат, дар мавсими кунунӣ оид ба ҷорӣ намудани реҷаи маҳдуди интиқоли барқ дар ҳудуди пойтахт умуман сухан бояд наравад.



Ёдовар мешавем, дар мавсими тирамоҳу зимистони соли гузашта минтақаҳои кишвар аз норасооии барқ шадидан танқисӣ кашиданд. Барқ ба аҳолӣ дар ҳаҷми ниҳоят кам интиқол ёфта, сокинони баъзе манотиқ ҳафтаҳо бе рӯшноӣ буданд.

 



Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Афзоиши теъдоди муҳоҷирон аз Тоҷикистон дар Лаҳистон

Дар 3 моҳи соли 2026 ин кишвар ба ҳудуди 6 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон иҷозатномаи кор додааст.

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Раиси Кумитаи сармоягузории Тоҷикистон бо намояндагони ширкатҳои "J.P. Morgan", "Loomis Sayles & Company", "Morgan Stanley Investment Management" ва "Global Evolution" ном бурд.